arzon replenishment
Ҳисор: Фотиҳа сабабгори худкушии Соираи 18 сола гашт
27.05.2019
Р. Азимӣ
4572

 

Санаи 25-май дар деҳаи Пахтаободи шаҳри Ҳисор ҷасади дар дор овезони ҷавондухтари 18-соларо, ки Соира ном доштааст, аз ҳалқаи дор берун оварданд.

Тавре наздиконаш мегӯянд, рӯзи ҳодиса аъзои оила ҳама дар хоби нисфирузӣ буданд ва Соира аз фурсат истифода бурда, дар коҳдон худро ба дор оветааст. Вақте модараш барои гирифтани дос ба он ҷо медарояд, ҷисми Соира аллакай дар расан овезон ва дар таҳлукаи ҷонканӣ буд.

 Соира Маҳмадализода хонандаи синфи 11 буд ва мебоист баъди ду моҳи таҳсил ба як ҷавони ҳамдеҳааш ба шавҳар барояд, вале норозигии духтар ба ин издивоҷ сабаби худкушияш гаштааст.

Бо хабарнигори “Оила” як ҳамдеҳаи Соира дар иртибот шуда, оиди ҳодисаи мазкур чунин нақл кард:

“Соира мактабхон ва саводаш нағз буд. Ӯ орзу дошт, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилашро дар ягон донишгоҳи бонуфуз идома диҳад, аммо волидони тақводораш зиди орзуҳои духтарак баромада, ӯро бо як ҷавони ҳамдеҳаамон фотиҳа карданд. Соира аз ин фотиҳа тамоман розӣ набуд ва дар дил ишқи ҷавони дигарро мепарварид. Зиддияти падару модар сабаб гашт, ки Соира даст ба худкушӣ зада, ҳалқаи дорро аз зиндагии пур аз дарду ғам авлотар бидонад.  

Ба қавли ҳамсинфонаш Соира яке аз духтарони зеботарини мактаб ва бисёр зиндадилу хушахлоқ будааст. Хостгоронаш аз мӯйи сараш зиёд буданд, аммо ӯ мехост нахуст таҳсил намуда, соҳиби касбу кор гардад. Зиддияти падару модар барои идомаи таҳсил боиси он гашт, ки ин духтараки ба мисли фаришта зебо орзуҳои ширини худро б зери хоки сард барад.

Соира рӯзадор буд ва намоз мехонд, аммо ночорӣ дар муқобили райъи волидон ин духтараки босавод ва худотарсро ба он водор намуд, ки қасди ҷони хеш намуда, даст ба худкушӣ занад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД