Шумораи чорвои хурду калон ва истеҳсоли гӯшт дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар бадали 4 моҳи соли 2026 саршумори гов 9,3% ва гӯсфанду буз 11,7% зиёд шуда, 68 ҳазору 17 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12,5% зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Агентии омор, дар Тоҷикистон то оғози моҳи май 3 миллиону 69 ҳазору 700 сар гов ва 8 миллиону 214 ҳазору 100 сар гӯсфанду буз ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз ин шумора 94,3%-и саршумори гов ва 81,6% гӯсфанду буз дар дасти аҳолӣ мебошад.
Мақомот зиёд шудани саршумори чорворо ба “дастгирии давлатӣ, беҳтар шудани заминаи хӯроки чорво, рушди хоҷагиҳои аҳоливу деҳқонӣ” ва дуруст ба роҳ мондани “баҳисобгирии саршумори чорво” рабт додаанд. Аммо новобаста ба зиёдшавии саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт нархи гӯшт дар бозорҳо ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Ҳарчанд нархи давлатии гӯшт ҳудуди 70-80 сомонӣ бошад ҳам, маъмулан дар бозор як килограмм гӯшт бо нархи 100 то 105 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Шумо гӯштро бо чӣ нарх мехаред? Дар шарҳи мавод нависед.