Arzon march 2024
Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаъол шуданд
521

Шуруъ аз имрӯз, 12 июн дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ бо фарогирии 948 нафар, дар 36 майдончаи солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва бо фарогирии 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба фаъолият оғоз менамоянд.

Дар маҷмуъ дар 4 баст тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 майи соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023» 10352 нафар — 4192 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ аз 12 июн то 16 августи соли 2023 бо давомнокии 11 рӯз ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД