Изофанависии беш аз 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ аз барқ ошкор гашт
136

Дар пайи санҷиш беш аз 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ аз барқ ҳамчун изофанависӣ ошкор карда шудааст. Шабакаҳои тақсимоти барқ дар ин хусус маълумот дода, гуфтааст, ки ширкат қарзҳои солҳои пеш ҳисобшударо бо сабаби беасос буданашон бекор мекунад.

Ҷомӣ Умарзода, мудири раёсати даромадҳо дар самти фурӯши Шабакаҳои тақсимоти барқ зимни суҳбат бо журналистон масъалаи пардохти маблағи барқ ва қарзҳои онро шарҳ дода, гуфтааст, ки маблағи қарзи аҳолӣ аз барқ беш аз 1 млрд 737 млн сомониро ташкил медод, вале 601 миллиони он бо сабаби беасос будани қарз бекор карда шудааст.

Соли гузашта аҳолӣ 99,34 дарсади маблағи барқи истифодакардаи худро пардохт намудаанд. Масъулини соҳа инро натиҷаи ҷорӣ кардани системаи “биллингӣ” ва сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ мешуморанд.

“Аҳолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 2 млрд 352 млн сомонӣ маблағи барқи ҳисобидашударо пардохт карда, ҳамагӣ 25 млн 266 ҳазор қарзи ҷорӣ боқӣ мондааст, ки мумкин ин маблағ дар давоми моҳҳои январ-феврал пардохт гашта бошад, зеро дар ҳолати пардохт накардани қарзи ҷорӣ системаи “биллингӣ” барқи муштариро хомӯш мекунад”,- гуфтааст Умарзода.

Айни замон 35% ҳисобкунакҳои барқӣ ба системаи биллингӣ пайваст мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД