Дар Тоҷикистон миёни 10 парандаи пешниҳодгардида кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардидааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин тасмим дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ доир гардид, гирифта шудааст.
Ҳадафи озмуни «Парандаи сол» тарғибу ташвиқи муносибати эҳтиромона нисбат ба табиат, зебоӣ ва муаррифии намудҳои гуногуни паранда ва нақши онҳо дар экосистемаҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2008, яъне давраи аввали баргузории озмуни «Парандаи сол» парандагони гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилоли тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо парандаи сол интихоб гардидаанд.