goodwell
Кадом малҳамҳо дар тобистон зарар доранд?
01.08.2026
Oila.tj
56

Бисёр нафарон гумон мекунанд, ки истифодаи косметикаи дорои ретинол ва кислотаҳо дар фасли тобистон боиси доғҳои пигментӣ шуда, пӯстро ба нури офтоб ҳассостар мекунад. Аммо табиб ва косметолог Анастасия Пантус мегӯяд, ки чунин андеша дуруст нест. Ба гуфтаи ӯ, мушкил дар худи ин моддаҳо нест, балки дар истифодаи нодуруст ва муҳофизат накардани пӯст аз нурҳои офтоб мебошад.

Мутахассис таъкид мекунад, ки сабаби асосии пиршавии бармаҳали пӯст маҳз нурҳои ултрабунафши офтоб, мебошанд. Ин нурҳо ба қабатҳои амиқи пӯст ворид шуда, коллаген ва эластинро вайрон мекунанд. Дар натиҷа пӯст чандирии худро гум карда, чинҳо ва доғҳои пигментӣ пайдо мешаванд.

Ретинол чист?

Ретинол, яке аз беҳтарин воситаҳо барои нигоҳубини пӯст ба ҳисоб меравад. Он навшавии ҳуҷайраҳоро метезонад, истеҳсоли коллагенро зиёд мекунад, чинҳои майдаро кам намуда, ранги пӯстро яксон месозад. Аз ин рӯ, косметологҳо онро яке аз воситаҳои муассири мубориза бо пиршавии бармаҳали пӯст мешуморанд.

Бо вуҷуди ин, ретинолро бояд дуруст истифода бурд. Агар бори аввал онро истифода мебаред, беҳтараш аввал ҳафтае 2–3 маротиба шабона молед. Баъд аз он ки пӯст ба он одат кард, истифодаашро зиёд кардан мумкин аст. Ҳамзамон ҳар рӯз пеш аз ба кӯча баромадан ҳатман аз креми муҳофизаткунандаи офтоб (SPF) истифода баред.

Кадом кислота беҳтар?

Аз кислотаҳо дар фасли тобистон бештар кислотаи азелаинӣ, бодомӣ ва ширӣ тавсия дода мешаванд. Кислотаи азелаинӣ илтиҳобро кам карда, барои табобати доначаҳо ва доғҳои пигментӣ муфид аст. Кислотаи бодомӣ таъсири мулоим дошта, ранги пӯстро ҳамвор мекунад. Кислотаи ширӣ бошад, пӯстро намнок нигоҳ дошта, ба навшавии он мусоидат мекунад.

Аммо пилингҳои хонагӣ бо миқдори зиёди кислота метавонанд пӯстро осеб расонида, сабаби сурхшавӣ ва пайдо шудани доғҳои пигментӣ гарданд. Аз ин рӯ, истифодаи чунин воситаҳо дар тобистон бояд бо эҳтиёткорӣ сурат гирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД