Arzon admin
Кадом рангҳои либос ба мардон мувофиқ аст?
1002


Мардон аксар вақт ба тарзи либоспӯшии худ чандон аҳмияти ҷиддӣ намедиҳанд, ҳол он ки ҳангоми рафтан ба кор, сафари корӣ, вохӯрӣ, сайру саёҳат, нишасти дӯстона мард бояд либоси ба ҷою макон мувофиқро ба бар намояд.

Махсусан дар интихоби ранги либос набояд ба хатогӣ роҳ дод, чунки диққати атрофиёнро маҳз ранги либос ба худ ҷалб намуда, намуди зоҳирии шахсро зебою дилкаш нишон медиҳад.

Образи одами муосир бояд ба вазъият мувофиқ бошад ва шахсияти ӯро инъикос намояд. Кас либоси гаронарзиши хеле зеборо ба бар карда бошад, вале либосаш ба ҷою макон мувофиқ набошад, дар назари дигарон хандаовар менамояд. Барои ба нигоҳҳои тамасхуромез ва пуристеҳзои атрофиён рӯ ба рӯ нагаштан мард бояд чи кор кунад?

Аввалан, шумо бояд дар гардеробатон либосҳои корӣ, либосҳои варзишӣ, либос барои сайру гашт ва либосҳои хонапӯшӣ дошта бошед.

Дуюм: ҳар як намуди либосро дар алоҳидагӣ дар ҷевонатон ҷо ба ҷо кунед.

Сеюм: Костюм, курта ва шими рангашон бо ҳам мувофиқро интихоб карда, ҳамаашонро дар як либосовезак гузоред.

Чорум: дар ёд дошта бошед, ки ба мардон бештар либосҳои рангашон сиёҳ, сафед, кабуди торик, хокистарӣ ё қаҳваранг мувофиқ меояд. Аз ранг ва шакли куртаатон ба завқ ва шахсияти шумо баҳо медиҳанд.

Панҷум: мард дар баробари либос, бояд галстук, соати дастӣ, камарбанд (ремент) ва пойафзол ба рангу намуди либосаш мувофиқат дошта бошад. Ранги камарбанд, галстук, соат, айнак ва ҳатто ҷӯробро дуруст интихоб кардан лозим аст. Ранги камарбанд, соати дастӣ ва пойафзол якхела бошад, мард дар назар босалобат менамояд.

Шашум: Дар фасли тобистон куртаи сафед, хокистарӣ ё кабуди осмонӣ пӯшидан хуб аст, зеро ин рангҳо чандон баданро гарм намекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД