Arzon march 2024
Кадом театр чӣ намоишнома дорад?
3008

Ҳамасола, шурӯъ аз моҳи сентябр дар кишвар мавсими нави театрӣ оғоз меёбад ва табъи ҳаводорони санъати асилро бо намоишҳои наву ҷолиб хушҳол мегардонад.

Чун ҳамеша, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мавсими навро бо баргузории консерти идона, ки фарогири базми рангин аст, оғоз мекунад. Дар назар аст, ки дар он меҳмонони хориҷӣ низ иштирок менамоянд.

Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский намоишномаи “Мастер ва Маргарита” аз рӯи асари нависанда ва драматурги рус Михаил Булгаковро дар таҳияи коргардон Хуршед Мустафоев ба саҳна мегузорад, ки дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” барандаи “Шоҳҷоиза” гардида буд.

“Ношинос” унвони намоишномаи навест, ки Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯи асари коргардон ва сенариянависи рус Владимир Зайкин ва дар таҳияи коргардон Қамариддин Мирзоев манзури тамошобинон мегардонад. Муҳаббат ва самимият, адлу инсоф ва одамгарӣ дар меҳвари намоиш қарор дорад.

“Исфандиёр” бошад, бахше аз асари “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсист, ки ҳунармандони Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, дар таҳияи коргардон Фирдавс Қосимов ба саҳна мегузоранд. Қаблан ин намоишнома дар таҳияи коргардони номӣ Фаррух Қосимов манзури тамошобин гардонда шуда буд.

Аҳли ҳунари Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ нақша доранд, ки мавсими навро бо намоишномаи “Амир Исмоил” аз рӯи асари драматурги тоҷик Сафармуҳаммад Аюбӣ ва дар таҳияи коргардон Умед Хусрав оғоз кунанд.

Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоиши “Гирдоби зиндагӣ”-ро аз рӯи асари адиб ва драматурги тоҷик Муродалӣ Набиев ва дар таҳияи коргардон Сафархон Мадалиев пешкаши тамошоинон гардонанд.

“Найрангҳои Майсара” яке аз намоишномаҳои маъруфест, ки Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд борҳо онро ба саҳнаи ҳунар гузоштааст. Он аз рӯи асари драматурги ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ таҳия шуда, ин навбат аз ҷониби саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов манзури ҳаводорон карда мешавад.

“Мо Нуқта Бегонаҳо”-и Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом низ бо вуҷуди борҳо манзури бинандагон гардиданд, ин навбат низ ба намоиш гузошта мешавад. Он аз рӯи асари драматурги итолиёвӣ Оливер Кяккяри омода ва аз ҷониби коргардон Овляқули Хоҷақулӣ таҳия гардидааст.

Ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон тибқи нақша баҳри мухлисон намоишномаи “Требуется няня”-ро аз рӯи асари Олга Грей ва дар таҳияи коргардон Раъно Раҳматуллоева ба саҳна мегузоранд.

Ҳамчунин, аҳли ҳунари Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар рӯнамоии ду намоиш-“Ишқ аз интернет”, аз рӯи асари Нарзулло Шарипов, дар таҳияи коргардон Қурбонмамад Шукуров ва “Нашъамандӣ” аз рӯи асари Кароматулло Сафаров ва дар таҳияи коргардон Фирдавси Турдиалиро ба нақша гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик манзури дилбохтагони санъати асил мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД