formula55
Кадушӯрборо чӣ гуна мепазанд?
396

Маҳсулоти лозима:

500 грамм дилаи каду, 1 сабзӣ, 1 картошка, 1 пиёз, пудинаи кӯфта, 2 дандона сирпиёз (чеснок), ним қошуқча паприка, 2 қошуқча намак, 700 мл об, 40 мл равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:

Дилаи каду, картошка, сабзӣ ва пиёзро чоркунҷа реза кунед. Сирпиёзро кӯбед. Дар равғани тафсон пиёзу сирпиёзро сурх кунеду ба он картошкаву сабзии резаро илова карда, 3 дақиқа пазед. Баъдан кадуро андохта, 2 дақиқа пазед. Обро илова карда, то пухтани сабзавот 20-25 дақиқа пазед. Дар охир хӯрокро бо блендер то пюремонанд шуданаш лат занед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД