Утеря
8 сирри нигоҳубини дурусти пӯст, ки занро ҷавон ва зебо месозад
129

8 сирри нигоҳубини дурусти пӯст, ки
занро ҷавон ва зебо месозад
Имрӯзҳо бисёре аз занон барои нигоҳубини пӯст аз воситаҳои гуногуни косметикӣ, аз ҷумла тоник, зардоб, крем ва ниқоб истифода мебаранд. Аммо на ҳама медонанд, ки ин маҳсулотро бо кадом тартиб бояд ба рӯй молид. Истифодаи нодурусти онҳо метавонад таъсири нигоҳубинро коҳиш дода, боиси дар рӯй лӯнда задани қабатҳои косметикӣ гардад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки нигоҳубини пӯст аз воситаҳои сабук оғоз шуда, тадриҷан ба маҳсулоти ғафстар гузарад.
Тартиби дурусти нигоҳубини пӯст:
1. Тозакунии рӯй. Қадами аввал шустани рӯй бо гел ё воситаи махсуси тозакунанда мебошад. Пеш аз хоб, агар аз ороиш истифода карда бошед, аввал онро бо оби митселлярӣ тоза кунед ва баъдан рӯйро бишӯед. Воситаи тозакунанда бояд ба навъи пӯсти шумо мувофиқ бошад.
2. Тоник. Пас аз шустани рӯй тоник истифода мешавад. Он барои барқарор кардани мувозинати пӯст ва омода сохтани он ба қабули маҳсулоти дигар мусоидат мекунад.
3. Эссенсия. Ин восита нисбат ба тоник таъсири бештар дошта, барои намнок кардани пӯст истифода мешавад. Онро баъд аз тоник ва пеш аз зардоб мемоланд.
4. Ампула ё бустер. Ин маҳсулот дорои моддаҳои фаъол буда, таъсири воситаҳои нигоҳубинро тақвият мебахшад. Онро одатан пас аз тоник ва эссенсия истифода мебаранд.
5. Зардоб (сыворотка). Зардоб яке аз воситаҳои асосии нигоҳубини пӯст аст. Вобаста ба таркибаш он метавонад барои намноккунӣ, беҳтар кардани ранги пӯст ва ҳалли мушкилоти гуногун мусоидат кунад. Пас аз молидани он бояд каме интизор шуд, то пӯст зардобро ҷаббида гирад.
6. Флюид ё эмулсия. Ин маҳсулот нисбат ба зардоб каме ғафстар ва нисбат ба крем сабуктар аст. Он барои намнок нигоҳ доштани пӯст истифода мешавад ва пеш аз крем молида мешавад.
7. Крем. Крем барои нигоҳ доштани намӣ ва ҳифзи пӯст мусоидат мекунад. Онро пас аз зардоб ва флюид истифода мебаранд. Барои минтақаи атрофи чашм бошад, беҳтараш креми махсус интихоб карда шавад, зеро пӯсти ин қисмат хеле нозук ва ҳассос аст.
8. Равғани рӯй ва креми офтобӣ (SPF). Равғани рӯй одатан пас аз крем истифода мешавад, зеро он барои нигоҳ доштани намӣ дар пӯст кумак мекунад. Дар нигоҳубини субҳгоҳӣ бошад, креми дорои муҳофизати SPF ҳатман бояд дар марҳилаи охир истифода шавад. Барои фасли зимистон SPF 15–20 ва барои тобистон SPF 30–50 тавсия дода мешавад.
Фарқи нигоҳубини субҳгоҳӣ ва шомгоҳӣ
Субҳ нигоҳубини пӯст аз шустани рӯй бо гели махсус оғоз мешавад. Баъдан тоник, зардоб, креми атрофи чашм ва дар охир креми муҳофизаткунандаи офтоб истифода мешаванд. Шом бошад, аввал ороиш ва ифлосиҳои рӯйро пурра тоза кардан лозим аст. Сипас тоник, зардоб ва крем истифода мешаванд.
Чаро тартиби истифода муҳим аст?
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи дерматология ва косметология, воситаҳои нигоҳубини пӯст бояд аз сабуктарин то ғафстарин истифода шаванд. Агар аввал креми ғафс молида шавад, дар сатҳи пӯст қабате ба вуҷуд меояд, ки метавонад ҷаббида шудани зардоб ва дигар маҳсулотро душвор созад.
Ҳамчунин, пас аз молидани ҳар як восита тақрибан як-ду дақиқа интизор шудан лозим аст, то он ба пӯст ҷаббида шавад. Агар маҳсулоти навро ба пӯсти ҳанӯз тар молед, эҳтимол дорад, ки таъсири дилхоҳ надиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД