arzon replenishment
Карими Азиз: “Телесериал”-и тоҷикӣ ба навор мегирем, агар ...
376

Дирӯз дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” бо иштироки масъулини ин шабака ва хабарнигорон аз васоити гуногуни ахбори оммаи кишвар нишасти хабарӣ доир гашт.

Носир Саид, директори ТВ "Сафина”, бо сабаби дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштан дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт, вале муовинонаш Карим Азиз ва Зебунисо Азизӣ ба тамоми саволҳои хабарнигорон, ки мехостанд аз паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти ин шабакаи машҳури телевизионӣ огаҳӣ пайдо намоянд, посух гуфтанд.

Солҳои охир силсилафилмҳои телевизионӣ ба қавле “мӯд” шудаанд ва фазои кишвари моро сериалҳои туркию ӯзбекӣ торафт бештар пахш карда истодаанд. “Телевизиони Сафина” шабакаи фарҳангӣ аст. Магар ин шабака наметавонад чунин силсилафилмҳои ба рӯзгори мардуми тоҷик мутобиқро ба навор бигирад?, -пурсидем аз масъулини "Сафина”.

Дар ҷавоби ин савол Карими Азиз, муовини директори "Сафина” гуфт:

“Мо силсилафилмҳои офаридаи коргардони боистеъдоди тоҷик Муҳаббат Саттороваро, ки хусусияти тарбиявӣ дошта, мавзӯъҳои барои миллати тоҷик бисёр муҳимро аз қабили эҳтироми волидон, тарбияи фарзанд ва оилаву оиладорӣ фаро мегиранд, пахш кардем, вале худи “ТВ-Сафина” то имрӯз ягон сериал ба навор нагирифтааст. Сабаби асосиаш набудани сенаристон ва сенарияҳои хуб мебошад. Барои офаридани силсилафилми телевизионӣ сенарияи бисёр ҷолиб лозим аст, то ки тамошобинонро ба мисли оҳанрабо ба худ кашида тавонад. Аз нигоҳи молиявӣ ва техникӣ “Телевизиони Сафина” имрӯз барои наворбардории телесериал тамоми имкониятҳоро дорад. Эҷодкороне, ки филмнома, яъне сенарияи ҷолиб ва пурмаъно навишта метавонанд, агар сенарияҳои худро пешниҳод намоянд, мо тайёр ҳастем, ки дар ҳамкорӣ бо онҳо силсилафилмҳои ҷаззоби тоҷикӣ ба навор бигирем.“

Ин масъули ТВ "Сафина”, ҳамчунин, дар мавриди зинда кардани барномаҳои танқидию ҳаҷвӣ дар телевизион сухан ронда, гуфт, танқид дар аксари гузориш ва барномаҳояшон вуҷуд дорад.

"Азбаски “Телевизиони Сафина” шабакаи фарҳангӣ мебошад, бештар мо мушкилоти фарҳангиро аз қабили набудани китобхонаҳо, вазъи бади клубу қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои дурдаст зери тозиёнаи танқид мегирем. Хушбахтона баъди пахши чунин барнома ва гузоришҳои танқидӣ камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ мешаванд. Ин албатта бурди мост. Дар мавриди барномаҳои ҳаҷвӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо ҳаҷвнигори машҳури тоҷик Муқимҷон Абдуфаттоев як барномаи бисёр ҷолиби ҳаҷвиро бо номи “Шодона” омода карда истодаем. Нақша дорем, ки дар оянда ҳаҷвнигорони маъруфи тоҷикро гирди ҳам оварда, шумораи барномаҳои ҳаҷвиро бештар гардонем“, - гуфт ӯ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД