Arzon march 2024
Картошкаи сурх фоиданоктар аст ё сафед?
991

Салом! Картошка ба ғизои асосии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Кӯдакони ман низ мисли аксари бачаҳо хӯрдани картошкабирёну картошкаҷӯшак ва картошкаи дар қӯри алов пухташударо дӯст медоранд. Мехоҳам донам, ки кадом намуди картошка ба саломатӣ бештар фоида дорад, то ки бештар аз ҳамон навъаш хӯрок пазам?

ОИША, сокини шаҳри Тунсунзода

Посух:

- Аслан ранги пӯчоқи картошка ба сифати он тамоман таъсир намерасонад, вале ранги дилаи картошка афзалиятҳои муайян дорад:

Дар таркиби картошкаи дилааш сафед миқдори зиёди оҳар мавҷуд аст. Дар таркиби картошкаи дилааш зард бошад, каротин (витамини А) бештар аст.

Картошкаи дилааш сурх дар таркибаш антиоксидантҳои бисёр дорад. Ин навъи картошка барои мустаҳкамии масунияти бадан созгор аст.

Хоҳед, ки иммунитети фарзандонатон пурқувват шавад, барояшон бештар аз картошкаи дилааш сурх хӯрок пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД