formula55
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 53)
09.03.2020
А. ҲОҶӢ
2764

(Давомаш)

Дар хона як лаҳза сукунат танинандоз гашт, баъд Ҳасратмоҳ аз ҷояш бархосту ба Шафоат нигариста гуфт:

-Акнун ту медонию ҳамон шавҳарат. Ман рафтам, дигар тобу тавони ин моҷароро надорам...

Шафоат чизе нагуфт, ҳатто аз ҷояш нимхез ҳам нашуд. Ӯро ҳолате фаро гирифта буд, ки ба назараш ҳама чиз бефарқ менамуд. Акнун, ки розашон ошкор гашта, ваю Муртазо дар байни мардум шарманда мешаванд, аз чӣ гуфтану чӣ кор кардани модараш дигар чӣ фоида?! Дар майнаи Шафоат ин лаҳзаҳо танҳо як фикр буд-сухани Муртазо дар мавриди он ки вай аллакай ҳисоби корро ёфтааст. Ӯ чиро дар назар дошта бошад? Домони Шафоатро раҳо карда боз аз паи зани пештарааш меравад? Ба гуфти худаш, Садоқатро вай аллакай се талоқ кардагӣ-ку?! Ё баръакс, аз баҳри ҳама гузашта бо Шафоат мемонад? Ин барои Шафоат муаммо буд, якбора хонаро тарк карданаш низ. Муртазо ба куҷо рафта бошад? Модару хушдомани собиқашро гусел карда истодааст ё ба сараш ягон фикри дигар омада бошад? Муртазо як одами эҳсосотӣ аст, мабодо... не, наход вай ба ин кор даст занад?! Муртазо одами боақл аст, вале айни замон мисли гурги захмхӯрда дар тангно мондааст. Аз ҳар тараф ӯро танг карда истодаанд, мабодо иродааш шикаста…. Худоё, зудтар хеста ӯро кофтан лозим, то беақлӣ карда фалокатеро ба сараш наорад….

Шафоат мисли тир аз ҷояш парида хест ва ҳатто дари даромадро напӯшида, ба тарафи кӯча тохт. Куҷо рафта бошад? Ӯ як лаҳза дар сари дуроҳа истоду баъд ба тарафе, ки аз он ҷо мошинҳо ба шаҳр одам мебурданд, равон шуд. Духтар раҳораҳ рӯймоли идбандакашро, ки ин субҳ ба хотири гирифтани мукофот дар линейкаи мактабӣ ба сараш баста буд, кушода ба даст гирифт. Ба назараш ҳоло ҳатто ҳамин рӯймол ҳам ба роҳравиаш халал мерасонд. Вай аз кӯчаи қариб холии деҳа бо аҷала қадам мезад. Фикри он, ки шояд Муртазо барои раҳоӣ аз мушкилоти ба сараш омада даст ба ягон амали нохуш мезанад, дар сари Шафоат торафт бештар ҷой мегирифт. Ин андеша ӯро маҷбур мекард, ки тезтар ба истгоҳ расад, то бубинад, ки Муртазо он ҷост ё не. Вақте ки аз дур истгоҳи сари баландии деҳа намудор гашт, Шафоат дид, ки микроавтобуси ба самти шаҳр раванда ҳанӯз он ҷо истодааст ва дар атрофаш чанд марду зан ҷамъ шудаанд. Духтар қадамҳояшро тезтар карда, торафт ба он ҷо наздик мешуд, аммо ҳарчанд чашм меандохт, дар байни ҷамъомадагон чашмаш Муртазоро намеёфт. Вай қариб ба истгоҳ расида аз масофаи наздик бо диққат саропои тамоми одамони дар истгоҳ бударо аз назар гузаронд, вале дар байни ҳамдеҳагонаш Муртазо набуд. Ба дохили Газел назар андохт. Он ҷо се-чор зан ва ду бачаи хурд буданду халос. Дар байни занҳо Шафоат хушдоман ва модари Муртазоро дид, ки дар нишастгоҳи қафои мошин бо сари хам менишастанд. Чашми Холбибӣ ҳам ба Шафоат афтид ва ҳайрон шуд, ки чаро духтаре, ки сабаби хонавайронии духтари ӯ шудааст, барои гусели онҳо омадааст. Ӯ бо ишораи даст ба Ҷамила ҳам ӯро нишон дод ва кампирҳо байни худ чизе гуфтанд, вале Шафоат аз паси шишаи тирезаи мошин гапҳои онҳоро шунида наметавонист. Ӯ ҳамоно ба ҳар тараф нигоҳ карда, Муртазоро меҷуст, аммо на дар дохили мошин ва на дар гирду атроф ӯро пайдо карда натавонист. Ҳолати парешони ӯро занҳо ҳам пай бурданд. Ҷамила тоқат карда натавониста сарашро аз шишаи нимабози мошин берун карда пурсид:

-Ҳа, омадӣ, ки бубинӣ мо рафтем ё не, то ки Муртазо бо ту монад? Ман аз баҳри ӯ гузаштам, гуфтам ку...Ташвиш накаш...

-Не, ман барои шумоён наомадаам. Муртазо куҷое гум шуд. Гумон кардам, ки шояд ба гусели шумоён омада бошад,-бо овози гиряолуд гуфт Шафоат, -Ман феъли ӯро медонам, мабодо ба ягон кор даст назанад гуфта метарсам...

-Феъли ӯро аз ман дида касе беҳтар намедонад. Ман ӯро шир дода калон кардагӣ,-инро гуфта Ҷамила тирезаи мошинро калонтар кушод ва афзуд:

-Ин бачаи беақл болои ҳамон беақлиҳои кардааш боз ягон кори дигар накунад мегӯӣ?

-Надонам, аз бозе, ки шумоён аз хона баромадед, аз дар баромада буд ва то ҳол дигар хабар надорам, ки ӯ дар куҷост.

Дар дили кампир ҳам алов афтид ва бо чеҳраи гирифта пурсид:

-Пеш аз рафтанаш чӣ гуфт?

-Дар пеши худатон гуфт, ки ман ҳисоби ин корро ёфтагӣ . Ин гапаш чӣ маъно дорад, нафаҳмидам, барои ҳамин хавотирам, ки мабодо...

Дили кампири Ҷамила бо шунидани ин гап мисли дарёи пуртуҳфон якбора ба талотум даромад ва ба Холбибӣ нигариста гуфт:

-Майлаш Холбибиҷон, ту рав, ман то ин Муртазои хомкалларо наёбам, ба ҳеҷ куҷо намеравам. Аз дасти ин бачаи беақл ҳар кор меояд...

-О гуфтӣ, ки аз баҳраш гузаштам-ку? Боз ин чӣ гап?

-Гуфтаму лекин метарсам, ки ба ягон кори бад даст назанад. Ҳар чи ҳам набошад, вай яккаю ягона писарам аст...

Холбибӣ дар ҷавоби ин суханони Ҷамила ҳеҷ чиз нагуфта, бордони сабукашро ба даст гирифту пеш аз Ҷамила аз мошин фаромада гуфт:

-Ту куҷое бошӣ, ман ҳам ҳамон ҷо. Муртазои ту бачаи паст баромад, лекин дилам ба ту месӯзад. Мабодо ягон беақлии дигар кунад, ману ту ҳам дар назди Худову ҳам дар пеши ҳукумат гунаҳкор мешавем…

Ронанда дид, ки ду мусофираш аз раъяшон баргаштанду рафтанӣ нестанд, бо овози баланд гуфт:

-Шинед, холаҳо ҳозир раҳакӣ мешавем. Дигар интизор шудан маънӣ надорад ва касе ҳам намеояд, Дар ин бегоҳирӯзӣ, ки ба шаҳр меравад?

Холбибӣ дар ҷавоб садо кард:

-Шояд даҳ дақиқа пеш роҳакӣ мешудӣ, ҳамроҳат мерафтем. Акнун дер шуд, ин духтар моро имшаб меҳмон карданӣ,-тамасхуркунон ба Шафоат ишора намуд ӯ...

***

Муртазо дар зери дарахти дӯлонаи худрӯй мисли харгӯше, ки аз шикорчӣ пинҳон шудааст, ду дасташро ба ду тараф кушода, дар рӯйи алафи навдамидаи баҳорӣ рӯ ба осмон мехобид. Дуртар аз ӯ ду гунҷишке, ки шояд дар айни авҷи ишқварзии баҳоронаи худ буданд, чириқ-чириқкунон бо ҳам суҳбат доштанд. Яке аз гунҷишкҳо, ки ғолибан ҷинси нарина буд, дар атрофи гунҷишки дар шохаи пасти дарахти фарк нишаста чарх зада, бо сад оҳанг чириққос мезад. Шояд ба маҳбубааш суруди муҳаббат месароид. Муртазо ба рафтори гунҷишкакон аз ҷои хобаш наззора карда, онҳоро бо худ муқоисакунон аз дил гузаронд, ки паррандаю чаррандаҳо чӣ қадар хушбахтанд, онҳо ҳар баҳор муҳаббати навро аз сар гузаронда, парво надоранд, ки ҷуфти пештараашон куҷо шуд. Кӣ медонад, шояд баръакс ҷонварон то дами марг ба ҷуфти худ содиқ мемонанд? Инро ба ҷуз Худо дигар касе намедонад... Ишқи ману умри ман ба охир расид, ҳоло ба ҳамааш нуқта гузошта, ҳамаро аз худ наҷот медиҳам. Ин ягона роҳи наҷот аз шармандагист…

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД