sebiston july new
Кӯдакони нуқсондор босавод мешаванд?
1236
Кӯдакони нуқсондор босавод мешаванд?


Робия аз модар бемор ё ба таври дигар бигӯем, нуқсондор ба дунё омадааст. Табибон ба ин духтарча “Дауна” ташхис гузоштаанд, вале муддати се сол мешавад, ки ӯ ба омӯзиши хату савод машғул аст.

Муаллима Мунира Ҷӯраева ба Робия ва дигар кӯдакони ба “дауна”, фалаҷи майнаи сар, аутизм ва дигар мебориҳои модарзодӣ гирифтор бо усули махсус хату савод меомӯзонад. Робия бо ёрии ин омӯзгори хушсалиқа аллакай рангҳоро аз худ намуда, ашёҳоро аз ҳам фарқ мекунад. Ӯ бо дилгармӣ ва муҳаббати хоса ба китоб онро варақ зада, ҳарфҳоро такрор мекунад.

Дар қатори Робия дигар кудаконе низ ҳастанд, ки барои омӯзиш ба ин даргоҳ омада таълим мегиранд. Волидон аз заҳматҳои шабонарӯзии Мунира Ҷӯраева розӣ буда, аз ин зани меҳнатқарин миннатдоранд, ки новобаста бабеморӣ ва нуқсонҳои фарзандонашон ба онҳо хату савод меомӯзад.

Мунира Ҷураева муддати 7 сол боз бо кӯдакони дорои синдроми дауна ва дигар тифлакони дорои имкониятҳои маҳдуд машғул аст. Дар асл вай омӯзгорӣ таърих ва ҳуқуқ буд, вале бемории фарзандаш ӯро водор намудааст, ки самти фаъолияташро иваз намуда, ба чунин кудакон таълим диҳад.
То таваллуди Робия модараш дар бораи бемории синдроми Даун чизе намедонист ва бори аввал номи ин бемориро аз духтурон баъди ба дунё омадани фарзандаш фаҳмид.

Ҳамасола даҳҳо кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсилоти фарогир ҷалб шуда, тавассути аёниятҳову лавозимоти хониш ҷаҳонбиниашон васеъ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД