goodwell
Келин аз ҷабри хушдоман уксус хӯрду...
131

Дар ноҳияи Деваштич нисбати зани 63-сола бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар, А. Диёрбекова аз соли 2024 инҷониб нисбати келини 25-солааш, ки сокини ноҳияи Деваштич будааст, “муносибати бераҳмона” анҷом дода, “шаъну шарафашро паст мезадааст”. Дар пайи муносибати нохуби хушдоман, келин рӯзи 8-уми апрели соли равон бо қасди худкушӣ "моеъи сирко (уксус) нӯшида, худро заҳролуд кардааст ва дар бемористон бистарӣ шудааст”.

Назари худи келин ва хушдоман дар робита ба ин ҳодиса маълум нест, вале дар сурати исбот шудани айби эълоншуда ба Диёрбекова аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД