Arzon april 2022
Келин хушдоманро 20 корд зад!
913


Байни келину хушдоман ҷангу ҷанҷол сар зада, баъди ин моҷарои оилавӣ келинчак қаҳр карда, ба хонаи падару модараш рафта буд, вале волидонаш дубора ӯро ба хонаи шавҳараш баргардониданд.

Хушдоман бо гумони он ки келинаш ислоҳ шудааст, ӯро ба хона роҳ додааст, вале шабона арӯси бадният ба хонаи хоби модаршӯяш даромада, пай дар пай ба бадани хушдоманаш 20 корд задааст...
Тафсилоти ин моҷарои хунини оилавиро uznews дар такя ба шабакаи телевизионии миллӣ нашр намудааст. Тавре ки аз хабар бармеояд, дар пайи як моҷарои хунини оилавӣ модаршӯй аз дасти ҳамсари писараш 20 корд хӯрдааст.
Гуфта мешавад, ки келин шабона дар ҳолати масти хоб будани хушдоманаш ба ҳуҷраи хоби ӯ даромада ба бадани модари шавҳараш бераҳмона 20 корд задааст.

Хушбахтона зарбаҳои корди келини золим ба узвҳои ҳаётан муҳими ин зани солманд нарасида, зинда мондааст. Худи ҷарбдида ҳодисаро чунин нақл кардааст:
“Келинам ягон ҳунар надорад, бар замми ин, вай ману писарамро тамоман ҳурмату эҳтиром намекард ва аз ҳамин сабаб байни мо баъзан ҷангу ҷанҷол сар мезад. Бори охир баъди як моҷарои оилавӣ келин қаҳр карда ба хонаи модараш рафт. Ман ба волидонаш гуфтам, ки бигзор як моҳ духтарашон дар хонаи онҳо бошад. Дар ин муддат кору бори рӯзгор ва ҳурмату эҳтирому шавҳар ва хушдоманро ба вай ёд дода, баъд биёранд, вале аз байн чанд рӯз нагузашта бибиаш ӯро боз ба хонаи мо овард. Гумон кардам, ки ақлаш ба сараш задааст, вале ин келини золим дар фикри куштани ман афтода, бо мақсади нопок ба хона баргашта будааст. Хайрият, ки бедор шудам, вагарна вай аниқ маро мекушт...”

Айни замон нисбати ин келини золим парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад, вале худи ҷавонзан сабаби ба хушдоманаш бо корд ҳамла намуданашро шарҳ надодааст...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД