sebiston july new
Келинамро аз хук бад мебинам!
4433

 

Ривоят мекунанд, ки худованд дар ҷаннат тахтеро махсус барои келину хушдомани меҳрубон гузоштааст, вале аз байн миллардҳо сол гузашта бошад ҳам, то ҳол он тахт холӣ аст.

Воқеан, чаро хушдоман келинро ин қадар бад мебинад?

Дар носозгории келину хушдоманҳо кӣ гунаҳкор аст: модаршӯй ё арӯс?

Кадом корҳои норавояш келинро дар назари хушдоман бадрӯ месозад?

Барои ба ин саволҳо посух гирифтан мо бо чанд нафар занҳои калонсол, ки соҳиби келин ҳастанд, ҳамсӯҳбат гаштем.

Холаи Зарина:

Хушдоман қасдашро аз келин мегирад!

Ба фикри ман, бисёри занҳо дар давраи арӯсияшон аз хуштоман ҷабру ҷафо дида, баъд қасди ҳамон азобҳои кашидаашонро аз келини худашон мегиранд. Шахсан ман аз дасти модаршӯй он қадар зулму ситам дидам, ки ногуфтанӣ. Раҳматӣ хушдоманам бисёр зани ҷаллод буд, худо накарда, нон сӯзад ё хӯрок камтар шӯр шавад, дар сарам чормағз мешикаст. Дар замони мо аз шавҳар ҷудо шудан айб буд, сари кафида таги тоқӣ гуфта, маҷбур лабамро зери дандон гирифта мегаштам.

Холаи Бону:

Рашк келину хушдоманро душман месозад

Бисёр занҳоеро медонам, ки писарашонро ба занаш рашк бурда, сояи келинро аз девор метарошанд. Бештар модароне, ки як писар доранд ё бе шавҳар бача калон кардаанд, чунин хислат доранд. Ин тоифаи занҳо бо дидани он ки зани дигар писарашонро соҳибӣ кардааст, девона мешаванд. Шукри худо, ман соҳиби чор келин ҳастам, агар келинҳо ягон камбудӣ кунанд, айбашро дар рӯяшон мегӯям, вале баҳудаю беҳуда аз таги нохун чикр кофта намегардам, чунки келин ҳам фарзанд аст. Писарамро хушбахт кунад, ҳамин барои ман кифоя аст. Аз келин дигар чизе намехоҳам.

Холаи Оишамоҳ:

Келин кардаму баракати хонаам парид!

Дар бораи келин гап зананд, захмҳои дилам хуншор мешаванд, чунки келин карда, ягон некӣ надидам. Аз рӯзе, ки писарамро зан додам, файзу баракати хонам парид. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, келинам бисёр духтари хабаркашу шӯрандоз баромад. Коса ба лаби кӯза расад, дарҳол он хабарро нарезондаю начошонда ба модараш мегуфту қудоям дасту остин барзада ҷангшавӣ меомад. Бо ин ҳам қонеъ нашуда, келини шайтонам “беваи оча ту маро рӯз намедиҳад” гуфта, қаҳр карда, баромада рафт. Акнан худатон гӯед, ки баъди ин қадар дарду алам чи хел дили ман ба ин духтар гарм шавад? Келинамро аз хук ҳам бадтар мебинам, вале ин айби ман не, гуноҳи худаш аст. шӯрандозию хабаркашӣ намекард, шояд ман ӯро мисли фарзанди худамс қабул карда, дӯст медоштам, вале...


-Боз ту гадодухтар ба ман гап мегардонӣ?! Ҳа илоҳӣ забончата ғунда газаде кӯрнамаки худозада! Ман туро келин карда аз як ахлоттӯда ба чунин қасри шоҳона овардаму имрӯз ту почаканда одам шуда ба ман ақл нишон медиҳӣ?

 


Холаи Давлатбӣ:

Келинҳои ҳозира ноӯҳдабароянд

Келинҳои ҳозира на ҳурматро медонанду на иззатро, бар замми ин, танбалу ноӯҳдабаро ҳастанд. Аз дасташон на кори хона меояду на кори давлат, фақат пул бошаду рӯзи дароз шаҳр ба шаҳру бозор ба бозор гарданд. Бовар кунед, хӯрокпазӣ, шустушӯй ва ҳатто нигоҳубини кӯдакро ман худам ба келинҳоям омӯзондам. Ба ҷойи раҳмат гуфтан ҳамеша маро бо бачаҳоям ҷанг меандозанд. Хушдоман ҷанг мекунад, рашк мекунад, фалону бисмадон, ин гапҳо ҳамааш дурӯғанд. Келини хубро хушдоман ба дида мебардорад, вале келин фиси биниашро пок карда натавонад, аз ранги рӯяш безор мешавӣ.

Холаи Салима:

Келин лабу даҳонатро меканад!

Келини ман духтари тозакор, чевар, дӯзандаю пазандаи хуб аст, вале як одати бад дорад-гап меградонад. Чизе, ки нагуям, ҷавобаш тайёр аст. бидиррос зада гап заданаш баъзан асабамро чунон вайрон мекунад, ки мехоҳам гулӯяшро бӯгӣ карда кушам. Мо ҳам дар вақташ келин будем, вале ҳармату иззати калонҳоро ба ҷо меовардем. Хушдоман гап занад, хоҳ ҳақ бошад, хоҳ не, сарамонро хам карда, гап намегардондем, вале ба келинҳои ҳозира гап зада намешавад. Лабу даҳонатро канда мегиранду баъд боз доду вой мекунанд, ки хушдоманам ганда аст, хушдоманам азоб медиҳад, хушдоманам рашк мекунад. Ба ҷойи хушдоманҳоро ганда кардан ба рафтору гуфтори худашон аҳамият дода, одам мешуданд, олам гулистон мегашт!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД