arzon replenishment
Келини директори мактаб худро ба дарё ғарқ кард
2686

Дирӯз нисфирӯзӣ Хуршеда ном ҷавонзани 29-сола, сокини деҳаи Марғедари Панҷакент худро бо ду фарзанди хурдсолаш ба дарёи Зарафшон партофт.

Ҷисми беҷони ҷавонзанро чанде пас об ба берун мепартояд, вале ҷасади духтарчаи 5 -солаю писарчаи 3 –моҳаи Хуршедаи нокомро то кунун пайдо накардаанд. Бино ба маълумоти сокинони деҳа тамоми бошандагони Марғедар ва деҳоти гирду атроф аз паси ҷустуҷӯйи ҷасади ин тифлакони маъсум ҳастанд.
Маҳрум келини директори мактаби Марғедар Баҳром Шарипов буд, вале пас аз ин фоҷеа маросими ҷанозаи ӯ дар хонаи падараш Ҳоҷӣ Қурбон баргузор гардидааст.

Сабаби худкушии ин ҷавонзани ноком то ба ҳол малум нест, аммо дар байни мардум овозае паҳн шудааст, ки гӯиё вақтҳои охир муносибати шавҳараш бо Хуршеда хуб набуда, ҳамеша ҷангу ҷанҷол мекардаанд. Шавҳари Хуршеда-Ҳасан муҳоҷири меҳнатӣ буда, чанд рӯз пеш аз Тоҷикистон ба Рӯсия сафар кардааст. Маротибаи охирин вай ҳамагӣ 12-рӯз бо ҳамсару фарзандонаш будааст. Мегӯянд, ки Ҳасан дар Русия зани дигар доштааст ва Хуршеда хабари зангирии шавҳарашро шунида аз рашку алам худро бо фарзандонаш ба дарё партофтааст, аммо ин ҳама танҳо фарзияву гумони мардум асту халос...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД