arzon replenishment
КЕЛИНИ ШАТТОҲ
1264
no-img

Писари яккаву ягонаамро, ки эркаи хонадон буд, бо сад умеду орзу ба донишгоҳ дохил кардем. Ӯ бо рафтори хубу хониши аъло курси сеюми донишгоҳро хатм намуду хостем хонадораш кунем.

Духтарони зиёдро ба писарамон пешниҳод мекардем, вале қабул намекард. Оқибат интихоби арӯсро ба худи ӯ вогузор намудем. Фирӯз рӯзе бо дӯстонаш ба деҳот мераванд ва он ҷо ба духтаре ошиқ мешавад. Аз деҳот бо табъи болида баргашта, хабари арӯс ёфтанашро ба мо, волидонаш расонд.

Мо низ аз шунидани ин хабар хушҳол шуда, ба хостгорӣ рафтем. Волидони келиншаванда розигии хешро доданд ва мо дар тараддуди тӯй шудем. Шаби никоҳ духтарони зиёде дар атрофи келин ҷамъ омада буданд. Бо ҳавас ба қади келину писарам нигоҳ карда, ба онҳо аз Худованд бахти сафед мехостам. Ҳамин ҳангом пиразане ба наздам омада, дар гӯшам гуфт:

-Ҳамаи ҳамин духтароне, ки назди арӯс нишастаанд, аз шавҳарҳояшон ҷудо шудаанд. Келинатро эҳтиёт кун,- гуфта, аз наздам дур шуд. Ростӣ, аз суханони ин зан каме ғамгин гаштам, вале ба писарам чизе нагуфтам. Тӯй бо хушҳолӣ гузашт, келинро ба хона овардем. Ба тамоми кору кирдори ӯ диққати махсус зоҳир мекардам, ҳеҷ камбудӣ надошт. Писарам низ аз ҳамсари интихобнамудааш розӣ буд. Пеши Парвардигор шукргузорӣ мекардам, ки ба писарамон бахти cафед додаю ҳамсари меҳрубон, вале…

Аз байн як моҳ гузашту рафтори келинам дигар шуд. Ӯ дар набудани писарам телефонӣ бо касе сӯҳбат мекард. Ин рафтораш маро ба ташвиш овард ва боре бо кӣ гап заданашро пурсидам.

-Бо дугонаам гап задам, - ҷавоб дод. Пас аз ду моҳ ӯро ба хонаашон талбон бурдем. Баъд аз як ҳафта писарамро барои овардани ҳамсараш ба хонаи хусураш равон кардам. Келин наомад, “каме дигар истам» гуфта, омаданро ба ҳафтаҳои дигар гузоштааст. Писарам ғамгин баргашт. Аз ӯ чӣ гап шуданашро пурсидаму ҳамаашро фаҳмидам.

Аз ин рафтори келин ғамгин шудам, охир, онҳо нав тӯй карда буданд, чаро муносибаташон дар як муддати кӯтоҳ сард шуда бошад, чӣ гап бошад, хулоса, саволҳои беҷавобу андешаҳои дигар маро ором намегузоштанд. Бори дигар писарамро барои овардани келин равон намудам. Ин дафъа келин рӯирост гуфтааст, ки “дигар бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам, ҷавобамро дода, худ аз паси зиндагиат шав!” 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД