Commerce bank may-june 2026
КҲФ хисороти офатҳои табиии 26-28-уми майро шарҳ дод
28.05.2026
Oila.tj
157

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани сел, шамоли сахт ва дигар офатҳои табиӣ дар чанд минтақаи кишвар дар рӯзҳои 26-28-уми май хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, офатҳои табиӣ ба хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳо, шабакаҳои барқ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонидаанд.

Дар ноҳияи Ашт бар асари боришоти тӯлонӣ ва омадани сел дар деҳаи Аппони ҷамоати Ошобаи Боло, обу лойқа ба 36 таҳхонаи сокинон ворид шуда, ба онҳо хисороти моддӣ расонидааст.

Дар шаҳри Панҷакент хисорот бештар ба қайд гирифта шудааст. Селоба ба 26 хонаи истиқоматӣ пурра ва ба як хона қисман зарар расонида, ҳамчунин 34 иншооти ёрирасон, 2000 метр роҳ, беш аз 13 километр шабакаҳои обёрӣ, хатҳои барқ ва оби нӯшокиро вайрон кардааст. Илова бар ин, 70 гектар заминҳои кишоварзӣ осеб дидаанд. Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Панҷакент-Айнӣ муваққатан қатъ гардида, баъдан барқарор шудааст.

Дар шаҳри Душанбе шамоли сахт ба дарахтон ва болопӯши чандин бино зарар расонд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фасади бинои Хадамоти алоқа осеб дидааст. Дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур низ дарахтон шикаста, болопӯши биноҳо қисман канда шудаанд.

Дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ шамоли сахт ва сел ба хонаҳо, хатҳои интиқоли барқ ва роҳҳо зарар расонидааст. Дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Ваҳдат сел як автомашинаи “Hyundai Elantra”-ро ба дарёи Кофарниҳон бурда, ду сар чорвои калони шохдор талаф ёфтааст.

КҲФ мегӯяд, ки барои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ наҷотдиҳандагон, хадамоти коммуналӣ, энергетикҳо ва сокинони маҳаллӣ сафарбар шуда, корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Ба гуфтаи мақомот, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД