Arzon march 2024
КҲФ хост, сокинон чанд рӯз чорвочаронӣ нараванд
275

То 10 ноябри соли ҷорӣ дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи кишвар ва вилояти Суғд хатари омадани селҳоро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯи кардааст.      

Дар хабар омадаст, ки ин боронҳо метавонанд сабабгори баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳое шавад, ки дар қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд.

Кумита бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ ва чорвочаронӣ дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо ва маҳалҳое, ки омадани сел эҳтимол дорад, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин, рафтан ба кӯҳҳо бо мақсади ҳезумҷамъкунӣ ва гиёҳҳои доруворӣ, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ва ва шикоргоҳҳо ба хотири шикор метавонад хатарзо бошад.

Тавсияҳои Кумита дар чунин рӯзҳо

- дар хотир дошта бошед, ки ҳар таҷҳизот муҳлати истифода дорад ва истифодаи беш аз ҳадду зиёда аз муҳлати нишондодашуда сабабгори паёмадҳои нохуш шуда метавонад;

- шумо ҳамеша талош кунед асбобҳои барқиеро, ки бо василаи онҳо хонаҳои худро дар зимистон гарм мекунед ва ё ҳангоми пухтупаз истифода мебаред, тафтиш намоед. Хеле бадиққат бошед ва санҷиши пайваставу ҳамешагӣ метавонад аз ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ пешгирӣ кунад;

- ҳолати обгаркунҳои барқиро сари вақт санҷед: саривақт онҳоро таъмир кунед, бахшҳои корношоямшударо иваз намоед;

- танҳо аз таҷҳизоте истифода кунед, ки дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол шудаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз таҷҳизоти дастсохти бозор истифода нанамоед, чун онҳо бе риояи меъёрҳои бехатарӣ аз ҷониби шахсони ғайримутахассис сохта мешаванд ва кафолати бехатарӣ надоранд;

- аз истифодаи ҳамзамони чандин дастгоҳи қудратманди барқӣ худдорӣ кунед;

- ҳаргиз таҷҳизоти барқиро шабона, вақте хоб меравед, даргирон намонед, онҳоро барои хушк кардани либосҳои тар истифода накунед;

- нагузоред, ки бачаҳо бо таҷҳизоти барқӣ бозӣ кунанд, ҳамеша онҳоро назорат кунед;

- таҷҳизотро дар масофаи дуртар аз пардаи хона ва ё мебелҳо насб кунед;

- обгармкунҳои барқиро дар хонаҳое, ки маводҳои зудоташгиранда ва ё ҳар гуна маҳлулҳои оташангез нигоҳдорӣ мешаванд, истифода набаред;

- пайваста ин гуна таҷҳизотҳоро аз ҳар гуна чангу хок пок созед, зеро баъзан гард ҳам боиси оташсӯзӣ мешавад;

- симҳои барқи бухориро аз зери фаршу дигар пӯшишҳо убур надиҳед, ба болои симҳо ашёи вазнин, аз қабили мебелро нагузоред;  

- қувваи барқро сарфаҷӯёна истифода баред, бидуни зарурат таҷҳизоти барқиро рушан накунед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ: 112, 221-91-19, 223-13-11.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД