Formula september
Хатлон: Мукофоти ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зиёд шуд
408


Дар вилояти Хатлон ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024 зиёд карда шуд.

Барои ғолибони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Барои амалӣ намудани чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ марбут ба ин озмун дар маҷмӯъ 524 ҳазору 120 сомонӣ ҷудо шудааст.

Тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон, ғолибони озмун ва омӯзгорону волидайне, ки шогирдону фарзандонашон дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо мешаванд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегарданд. Барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст. Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъан 126 ғолиб ва 66 омӯзгор бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.
Тибқи дастури Пешвои миллат, соли 2024 низ барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид, ки ин бо назардошти хусусияти синну солии кӯдакону наврасон мебошад, зеро барои онҳо дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насриро аз рӯи чор номинатсия дар бар мегирад, барои онҳо каме душвор буд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад.
Ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» тағйирот ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Бо инобати ин соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.
Бо назардошти тағйироти воридшуда, имсол маблағи умумии мукофоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки давоми беш аз 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир мегардад. Дар инр бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД