formula
Хатми таҳсили 11 500 духтар бо квотаи президентӣ
323

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то санаи 11-уми июн идома меёбад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Вобаста ба баргузории озмун рӯзи 26-уми май дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм ҷаласа баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Вазорати маориф, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Пешвои миллат аз соли 1997 барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳот ташкил шуда, инак тӯли 26 сол амал менамояд.

Дар замони Истиқлол 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи президентӣ хатм карданд. Дар ин давра 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, айни замон боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ҷиҳати таъмини шаффофияти раванди баргузории озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД