arzon replenishment
ХАТҲОИ УФУҚӢ. ЧАРО МАСЪУЛИНИ “IRS” БА ҲОЛАТИ ОНҲО ТАВАҶҶУҲИ ХОС ДОРАНД?
637

 

Зимни муроҷиат аз тариқи саҳифаи филиали Ширкат дар "Фейсбук" шаҳрвандон аксар маврид аз манфиатҳои хатҳои уфуқӣ ёдовар шуда, дархост менамоянд, ки ба ҳолати онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Чун дигар муроҷиатҳои мардум, ин дархост низ мадди назари роҳбарияти филиали Ширкат қарор гирифта, ҳоло кашидани хатҳои зикршуда бомаром идома дорад. Мавҷудияти чунин хат яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд.азиз1

Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо тавсеа бахшидаанд.Солҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони намояндагиҳои минтақаи Варзоб, Зарафшон ва Суғд дармасофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуданд.

азиз3

 

 

Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз ранги босифат ва тавассути техникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, баҳри ҳаракати нақлиёт ва бехатарии ронандагону мусофирон равона шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД