goodwell
Хатсайри нави №27 дар Душанбе фаъол мегардад
1403

Шурӯъ аз 23- майи соли 2022 хатсайри нави автобусии №27 (Муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ-Терминали Ҷанубӣ) ба фаъолият оғоз менамояд.

Дар хабаре, ки «МДК Душанбенаклиётхадамотрасон» дар саҳифаи фейсбукиаш ҷой додааст, гуфта мешавад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 23 майи соли 2022 хатсайри нави автобусии №27 (Муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ-Терминали Ҷанубӣ) ба фаъолият оғоз менамояд.
Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе-Бохтар то Терминали ҷанубӣ ҳаракат менамоянд.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «KING LONG» истифода баранд.
Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Хатсайри нави №27 дар Душанбе фаъол мегардад
Commerce bank may-june 2026
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси