sebiston july new
Хайрияи рамазонии Арабистон ба мардуми тоҷик
607

 

Бахшида ба моҳи шарифи Рамазон давлати Шоҳигари Арабистони Саудӣ зиёда аз 2700 сабади озуқаворӣ, ки аз орд, равған, биринҷ, намак, нахуд, шакар, макарон, лубиё ва чой бо вазнини умумии 69, 5 кг мебошад, ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат тақдим мегардад.

Тибқи нақша истифодабарандагони сабад 14 ҳазор нафарро ташкил карда , дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қисме аз он ба ноҳияҳои осебпазири вилояти Хатлон ва қисми дигар ба шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад.

Намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар суханрониаш қайд карданд, ки аз рӯи омори расмӣ 30 фисади аҳоли вилояти Хатлон ниёзманд мебошанд ва аз ҳамин хотир як қисми он ба ноҳияҳои осебпазир ва дар шаҳри Душанбе, ки мардум барои кумак гирфитан хеле зиёд муроҷиат мекунанд, сабадҳои озуқаворӣ тақсим карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ ду лоиҳаи сабадҳои озуқаворӣ ба ятимон равона гардида буд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД