Commerc banl
Хазинадори “Азия-нефт”-ро дар Кӯшониён қотил 20 корд задааст
83

Қандаҳор Ғиёсов, хазинадори 51-солаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Азия нефт»-ро дар ноҳияи Кӯшониён дар ҷойи кораш қотил 20 корд задааст. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар робита бо ин ҳодиса Муҳаммаднабӣ Абдусамадови 35-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани куштори хазинадор боздошт шудааст.

"Гумонбаршуда ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ омада, барқро қатъ кардааст ва баробари ворид шудан касирро беш аз 20 корд зада, 22 ҳазору 605 сомониро рабуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст",- омадааст дар хабари Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон.

Кормандони милитсия гумонбаршаванда Муҳаммаднабӣ Абдусамадовро як рӯз пас дар Варзоб ҳангоми кӯшиши фирор ба вилояти Суғд дастгир кардаанд.

Абдусамадов дар пурсишҳои аввал иқрор шудааст, ки бо марҳум шинос ва аз вай 8000 сомонӣ қарз гирифта буд, вале пулро сари вақт баргардонида натавонист. Рӯзи сар задани ҳодиса, ба гуфти гумонбар, байнашон баҳсу мунозира сар зада, Қандаҳор Ғиёсов ӯро таҳқир кардааст ва Муҳаммаднабӣ Абдусамадов гӯё дар ҳолати мастӣ ӯро 20 корд задааст.

Айни замон нисбати боздоштшуда Муҳаммаднабӣ Абдусамадов барои содир намудани ҷинояти куштор бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Дар сурати собит шудани гуноҳаш ба Абдусамадов аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси абад таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД