Arzon march 2024
ХИËНАТ (Қисми 6)
29.12.2021
ОИЛА
1968

Аз он тараф омадани Фирӯзаро хушдоманаш диду «Фирӯзахон омадед, зуд Фаррухро ҷеғ зада биёед, хӯрок тайёр аст» гӯён, ба ошхона даромад.
-Хуб шудааст модарҷон,-гӯён, Фирӯза ҷониби хонаи хоби худашн равон шуд.
Фаррух садои занашро шунида аз рӯйи диван хест. Дар рӯ ба рӯяш Фирӯза бо сари хам ва ду дидаи пурнам рост меистод. Фаррух ба Фирӯза нигоҳи сарде афканд ва ӯро бо китфаш тела дода баромад.
сари мизи хӯрок нишастанд. Аз гулӯи Фарруху Фирӯза як пиёла чойи хунук базӯр гузашт.
Фирӯза баъди он, ки косаву пиёлаҳоро шуст, ба меҳмонхона даромад ва сарашро болои миз гузошта бо дарёи андешаҳо ғарқ шуд. Вай ҳамаи хатоҳояшро дарк карда буд, вале аллакай тир аз камон ҷаста, дигар пушайонӣ суде надошт.
Баъди гузашти андак вақт Фаррух ба назди Фирӯза даромад.
- Фирӯза! Фирӯза гуфтам,- бо овози баланд садо кард Фаррух.
- Лаббай.
- Хона даро. Худат танҳо хоб нарав!
-Не, наметавонам. Баъди ин ҳама боз чӣ гуна наздатон дароям.
- Ман ба ту чӣ гуфтам?
-Фирӯза дарҳол аз ҷояш хеста ба хона даромад ва рӯйи диван дароз кашид. Дар он тарафи диван Фаррух ду чашмашро ба сақфи хона дӯхта ғарқи андешаои худ буд.
Фирӯза дарун ба дарун сӯхта, андеша мекард, ки барои чӣ Фаррух чизе намегӯяд. “Ба ҷойи ин сукути ваҳмангез занад, ҷанг кунад, дод гӯяд, дилу ҷигарам тамом шуд охир, ин чӣ коре буд, ки маниаблаҳ кардам. Ба қадри шавҳар ва хонаи обдам нарасидам, сазои ман ҳамин аст... ” мунозира мекард дар дил худ ба худ ҷавонзан.
Аз чашмони Фарруху Фирӯза хоб парида буд.
Ҳамин тавр аз байн қариб як соат гузашт ва ниҳоят сукутро шикаста Фаррух гуфт:
- Фирӯза, чаро ин тавр кардӣ?
-Фирӯза ҳарфе нагуфта ҳунгосзанон ба гиря кардан даромад. Оҳиста бо гӯшаи чашм ба шавҳараш нигариста пай бурд, ки Фаррух ҳам баробараш гиря дорад.
- Маро бубахшед Фаррух, - бо овози гиряолуд гуфт Фирӯза.
- Ман ба ту чаро ин корро кардӣ? Ба ту чӣ намерасид, мегӯям!?
-Маро бубахшед Фаррух, ман лоиқи Шумо нестам. Ба ишқу муҳаббати поки Шумо хиёнат кардам. Ман ба Шумо муносиб нестам, мефаҳмед нестам.
-Фаррух чизе нагуфт. Фирӯза ҳам дигар ҳарфе назад, аммо, садои ҳиққоси гиряаш бараъло шунида мешуд.
Камтар пас Фаррух дастони Фирӯзаро дошта пичррос зад:
-Фирӯза, ман туро дӯст медорам…
ххххххххххххх
Саҳар Фирӯза аз ҳама барвақт хеста субҳона омода кард. Ӯ аз кори кардаи худ сахт пушаймон буд. Ба чашмони Фаррух нигоҳ карда наметавонист.
- Азизам ба ман нигар. Дигар зиқ нашав, ҳамаашро фаромӯш кун, лекин минбаъд дигар телефон истифода намебарӣ! Боз Фирӯзаи аввала шав, охир ҳамаашро аз нав оғоз кардем - ку!
- Хуб Фаррух.
- Ман нафаҳмидам.
- Хуб азизам.
хххххххххххххх
-Эй Парвардигори меҳрубон, бароят ҳазорон маротиба шукр ва ҳамду санои бепоён, ки бароям чунин инсони покро расонидаӣ. Ба ҷойи Фаррух ягон марди дигар мебуд, кайҳо шармандагиамро бароварда, маро аз хонааш меронд, лекин Фаррух ин тавр накард, ҳатто ҷанг ҳам накард, аммо чаро… Барои фарзандамон кард? Ё маро беандоза дӯст медорад!? Хайр, ҳар он чизе, ки буд, гузашт. Ман ба хатои бузург роҳ додам, лекин хуб, ки дарк кардам.
- Фаррух ҳам андеша мекард, ки Фирӯза чаро ин тавр кард. Дар куҷо хато кардам, охир то ҳол дили касеро озор надодаам, бероҳагӣ накардаам. Бобоям доим мегуфт ки "занони пок барои мардони пок. Ту чӣ тавре, ки бошӣ дар пешонаат ҳамин гуна завҷа навишта шудааст." Ман дар куҷое хатои бузург кардам ва ин "мукофот"- и он амал аст. Худованд чашмонамро кушод, минбаъд қадамамро дониста мегузорам… Ҳаммаш бо мурури вақт хуб мешавад. Фарзандамон сиҳат саломат ба дунё ояд…
хххххххххххххххххххх
Моҳҳо сипарӣи гаштанд. Вақту соати Фирӯза ҳам наздик омада буд.
- Салом Фаррух, хаста нашуда омадед?
- Салом Фирӯза! Раҳмат, ту чӣ ҳол дорӣ?
-Нағз. Як маротиба телефонатонро медиҳед ба модарам занг занам.
- Албатта азизам.
-Фирӯза баъди он ки бо модараш гап зад, ба кофтани телефони шавҳараш даромад. Ӯ вориди саҳифаи телеграми Фаррух шуд. Дар он анбӯҳи рақамҳои бегона зиёд буд. Фирӯза фикр кард, ки инҳо танҳо дӯстони Фарруханд, аммо баъди он ки сабтҳои овозиро (голосовой) гӯш кард, ҳуш аз сараш парид. Дар он сабти сӯҳбат бо духтарони зиёд буд, ки ҳамагӣ дар мавзӯъҳои ғайриахлоқӣ гуфта шудаанд.

Фирӯза ба қаҳр аз хона баромад назди Фаррух рафту…
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД