sebiston july new
Хобнома: БО ҲАРФИ-Ҳ
43016

 

Ҳаво

Ҳавои тоза дар хоб шаҳодат аз саломатии хуб, бурдборӣ ва оромии руҳӣ аст. Ҳавои абрнок бошад, шаҳодат аз бадбахтиву ғам буда, агар осмон пур аз абри сиёҳ бошад, бадбахтӣ ва абри сурх беморӣ аст. Ҳавои соф ҳосили бойи ғалла ва серҳосил гаштани сабзавотро пешгӯӣ мекунад.

Ҳавз

Ҳавзи пур аз об дар хоб нишонаи он аст, ки инсон бо дастгирии шахси саховатманде ба қудрату манзалат мерасад. Дар ҳавз оббозӣ кардан аз ғаму ташвиш озод шудан, аз ҳавз об нӯшидан молу мулк ба даст овардан аст. Агар нафаре дар оби ҳавз хун бубинад, гирифтори бемориҳои хун мегардад.

Ҳазрати Муҳаммад

Нафаре ки ҳазрати Муҳаммадро хоб мебинад, хабари хуш мешунавад ва имонаш қавиву зиндагияш нек мегардад. Дидани ҳазрат дар хоб пайғоми хушбахтиву хушнудӣ ва беҳтар гаштани вазъи зиндагӣ аст. Дар хоб дидани аъмоли ногувору номатлуб аз ҳодисаи номатлуб дарак медиҳад. Рафту ҳазратро дар назди хонаи хоб бинанд, он хонаро сӯхтор ё вайроншавӣ интизор аст. Рафту дар хоб ягон камбудии ҳазратро бубинед, дучори зиён мегардед. Хоб дидани ҳазрат бо либоси шоиста аз беҳтар гаштани мавқеи ислом ва сатҳи зиндагӣ дарак медиҳад. Ҳазрати Муҳаммадро дар Ҳаҷ хоб дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида зиёрати Ҳаҷ мекунад. Рафту ҳазрат дар хоб ба оина нигарад, ин ҳушдор аз он аст, ки фармудаҳои Парвардигор иҷро намешавад. Шахси қарздор ҳазратро хоб бубинад, аз қарзҳояш халос мешавад, агар бемор ҳазратро хоб бубинад, шифо меёбад. Нафаре, ки зиёрати Ҳаҷ накардааст, ҳазратро хоб бубинад, ҳатман ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегардад. Дар замини хушку беҳосил хоб дидани ҳазрат маънои онро дорад, ки он мавзеъ серҳосил мегардад, рафту он ҷо зулму ситам бошад, адолат барқарор мегардад, дар ҷое, ки тарсу ҳарос бошад, тартибу низом ҷорӣ мегардад. Нафаре, ки дар хоб ҳамроҳи Пайғамбар ғизо тановул мекунад, ин хоб маънои онро дорад, ки шахси хобдида бояд ба бенавоён закот диҳад. Марги Пайғамбарро хоб дидан нишонаи марги яке аз наслҳо аст.

Ҳазрати Исо

Ҳар нафаре, ки дар хобаш ҳазрати Исоро мебинад, хушбахту фараҳманд, худододаву бобаракат гашта, хеле зиёд саёҳат мекунад. Хоб дидани ҳазрати Исо дар шаҳр ё масҷиде, ки мардумонаш бадбахту дучори мушкилӣ ҳастанд, башорати он аст, ки ин нафарон аз душвориҳои худ раҳо мегарданд. Ҳазрати Исо дар хоб нишонаи бузургӣ ва дуои хайр аст. Шахси бемор ҳазрати Исоро хоб бубинад, шифо меёбад. Зани ҳомилае, ки ҳазрати Исоро хоб мебинад, тифли боақлу донишмандеро ба дунё меорад ва фарзандаш дар оянда табиб мешавад.

Ҳазрати Исмоил

Нафаре, ки дар хобаш ҳазрати Исмоилро хоб мебинад, ба сарварӣ ноил мегардад ва ба хотири Оллоҳ масҷид бунёд менамояд. Хоб дидани ҳазрати Исмоил шаҳодати аз мушкилиҳо раҳо ёфтанро дорад.

Ҳазрати Мӯсо

Ҳазрати Мӯсо дар хоб ба нерӯи нафароне ишора мекунад, ки ҳақ ва боадолат ҳастанд ва ғолибият бар нафароне аст, ки ноҳақу беадолат ҳастанд. Ҳамзамон чунин хоб ба марги шахси золиму ситамгаре ишора мекунад. Таъбири дигари хоб дидани ҳазрати Мӯсо нишонаи аз сар гузаронидани дарду аламҳо дар даврони кӯдакӣ ва аз наздикону оилаи худ ҷудо шуданро дорад. Нафаре, ки ҳазрати Мӯсоро асо дар даст хоб мебинад, ба мавқеи баланд расида, душманонро мағлуб мегардад.

Ҳазрати Юнус

Ҳазрати Юнусро нафаре хоб мебинад, ки бо сабаби шитобкорӣ маҳбасӣ гашта ё дар ҳоли душворе афтода, дучори мушкилӣ мегардад, вале баъдан аз тамоми мусибати ба сараш омада раҳо меёбад. Ин хоб шаҳодати он аст, ки нафари чунин хобдида асабиву бадҷаҳл аст.

Ҳазрати Юсуф

Ҳазрати Юсуфро хоб дидан шаҳодати он аст, ки шахси чунин хобдида маҳбасӣ ва озод мегардад, ҳамзамон хоби мазкур дар миёни бонувон муваффақ шудан ё таъбири хобро донистани инсонро пешгӯӣ мекунад. Рафту зани нодоре ҳазрати Юсуфро хоб бинад, вазъи молиявиаш рӯ ба беҳбудӣ меорад ва баъди марг хушбахтӣ насибаш мегардад. Шахсе, ки ҳазрати Юсуфро хоб мебинад, дӯстону наздиконаш дар назди ӯ сар ба саҷда мегузоранд, ин нафар некиҳои зиёд ва садақа мекунад. Ҳамзамон нафаре, ки ҳазрати Юсуфро дар хоб мебинад, дучори мусибате мегардад ва бародаронаш ба ӯ зарар мерасонанд, баъдан ин нафар бар душманони худ ғолиб меояд.

Ҳазрати Яъқуб

Ҳазрати Яъқубро дар хоб дидан маънои аз ғаму ғуссае, ки бо сабаби аз даст додани чизе ё касе сар мезанаду баъдан оқибаташ нек мегардад, раҳо ёфтанро дорад.

Ҳазрати Яҳё

Ҳар нафаре, ки дар хобаш ҳазрати Яҳёро мебинад, он нафар бо амри Оллоҳ порсову Худотарс мегардад.

Ҳалқаи дар

Нафаре, ки дар хобаш ҳалқаи дар (дарвоза)-ро меқапад, ин нафар дар дини ислом низ имони мустаҳкам дорад. Кашидани ҳалқа ё дастаи дар маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида ба амали лоиқи ҷазо даст мезанад.

Ҳалқаи дор

Ҳалқаи дор дар хоб бадхоҳӣ, обрӯву нуфуз ва шуҳрат аст. Эҳтимол он ба шубҳа ва айбдоркунӣ ишора намояд.

Ҳамдуна

Ҳамдуна дар хоб рамзи душман, гуноҳ ва ғазаби Оллоҳ аст. Ҳамзамон ҳамдуна дар хоб нафари бадбахту камбизоате аст, ки аз неъмат ва некӣ маҳрум гаштааст. Марде, ки дар бистари шиноси худ ҳамдунаро хоб мебинад, бо зани ӯ даст ба зино мезанад. Дар хоб задани ҳамдуна нишонаи бемор шудану баъдан шифо ёфтан аст. Агар шуморо дар хоб ҳамдуна газад, бо нафаре баҳсу мунозира мекунед.

Ҳаммом

Дар хоб дидани ҳаммом бо зан алоқамандӣ дорад. Агар ҳаммом зебову хушбӯй бошад, пас зани нафаре, ки чунин хоб дидааст, хислатҳои неки инсонӣ дорад. Ҳамзамон хоб дидани ҳаммом ба оромиш ва пешгирӣ аз бадиву ҷаҳолат аст.

Ҳазрати Одам

Нафаре, ки Ҳазрати Одамро дар хоб бубинад, қудрати беандоза ба даст меорад. Ҳар нафаре, ки Ҳазрати Одамро хоб мебинад, олим мешавад. Бо Ҳазрат ҳамсуҳбат гаштан маънои онро дорад, ки инсон ба васвасаи душманон гирифтор шудааст ва баъди чанде аз доми макру фиреб раҳо меёбад. Пайдо шудани Ҳазрати Одам дар хоб аз манзили зист кӯчиданро пешгӯӣ мекунад.

Ҳайз

Зане, ки худро дар ҳоли ҳайз хоб мебинад, гунаҳкор асту корҳояш чигилу бенизом аст. Рафту дар хобаш зан оббозӣ кунад, тавбаву тазарруъ мекунаду ташвишҳояш рафъ мегарданд. Ҳайз дар хоб нишонаи заифии дину имон, рӯзаву намоз аст. Зани бе фарзанд агар худро дар ҳоли ҳайз хоб бинад, ҳомила ва соҳиби фарзандони зиёде мегардад.

Ҳасад, бухл

Нафаре, ки дар хобаш ба касе бухлу ҳасад мебарад, бадахлоқ аст ва шахсе, ки ба ӯ ҳасад мебаранд, парҳезгор аст. Ҳасад ҳамчунин нишонаи камбағалӣ, қаҳру ғазаб ва ғурур барои шахси ҳасадхӯр асту барои шахсе, ки ба ӯ ҳасад мебаранд, давлату дороӣ аст.

Ҳамдардӣ

Дар хоб ба нафари сарватманду доро ҳамдардӣ зоҳир намудан нишонаи зарар ва зиёне аст, ки ба ӯ мерасад. Нафаре, ки дар ҳолати душвор қарор дорад, ҳамдардӣ дар хоб нишонаи умеду аз душвориҳо раҳо ёфтан аст. Шахсе, ки дар хобаш ба нафари дар ҳолати мушкил қарордошта ҳамдардӣ баён мекунад, дар бедорӣ ба осудагӣ ва бехатарӣ мерасад ё хабари хуш мешунавад. Дар хоб ҳамдардӣ баён намудан ба нафаре, ки ба сараш бадбахтӣ наомадааст, шаҳодати сар задани ҳодисае аст, ки бо сабаби он одамон ҳамдардии худро баён мекунанд.

Ҳамён

Ҳамёни пур аз пул дар хоб нишонаи комёбӣ, сарватмандӣ аст, ҳамёни холӣ нишонаи қашшоқиву бенавоӣ ва санҷишу имтиҳон аст.

Ҳаҷ

Нафаре, ки дар хоб зиёрати Макка, Ҳаҷ ва тавофи хонаи Худо мекунад, имонаш мустаҳкам мегардад, ин нишонаи бехатарӣ дар зиндагӣ, пардохт намудани қарзҳо, баргардонидани амонат ва ба боварӣ даромадани ӯ аст. Шахси дар сафарбуда Ҳаҷро хоб бубинад, ба мақсад мерасад, агар бо савдо машғул бошад, даромади калон ба даст меорад, агар бемор бошад, шифо меёбад, агар қарздор бошад, қарзашро пардохт мекунад, рафту Ҳаҷ накарда бошад, Ҳаҷ мекунад. Нафаре, ки дар хобаш сари вақт Ҳаҷ мекунад, дар бедорӣ ба орзуяш мерасад.

Ҳезум

Ҳезум дар хоб туҳмату ғайбат асту баъзан ба беақливу зихнагӣ ишора мекунад.

Ҳиққак

Ҳиққак дар хоб далолат аз бемории вазнин ё ғазабу сухани қабеҳ аст.

Ҳино

Мӯйи худро ҳино бастан нишонаи он аст, ки шахси хобдида нақшаву ниятҳои худро аз дигарон пинҳон медорад. Рафту мӯй ранг нагирад, пас шахси хобдида нақшаҳои худро пинҳон намесозад.

Ҳомиладорӣ

Агар мард дар хоб бубинад, ки занаш ҳомила аст, хушиҳои зиндагӣ насибаш мегардад ё хабари хуш мешунавад. Нафаре, ки худро ҳомиладор хоб мебинад, сарваташ афзун ва зиндагии осоишта насибаш мегардад. Рафту духтари хона ё зани бе шавҳар дар хоб худро ҳомила бубинад, ба шавҳар мебарояд. Зани пиронсол ҳомиладорӣ хоб бубинад, бемор мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Ман 2023-05-28, 16:40
Ҳамсар чаро нест?!
Посух
Файзулло 2023-06-05, 02:01
МА хоб дидам ки хасарам ба ванна даромад манхам аз кафоаш даромадам гуфтам ки хей духар бо ман ошти шиди зиндаги мекуни хамрой ман у дар чавоб гуфт ки не
Посух
Шавкат 2023-09-04, 02:02
Дар хоб дидани хамсар ва набот чи таьбир дорат шарх дихед
Посух
Шухрат 2023-09-24, 04:12
Агар хоббини хамсарат бо касидига алока дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Ман 2023-05-28, 16:40
Ҳамсар чаро нест?!
Посух
Файзулло 2023-06-05, 02:01
МА хоб дидам ки хасарам ба ванна даромад манхам аз кафоаш даромадам гуфтам ки хей духар бо ман ошти шиди зиндаги мекуни хамрой ман у дар чавоб гуфт ки не
Посух
Шавкат 2023-09-04, 02:02
Дар хоб дидани хамсар ва набот чи таьбир дорат шарх дихед
Посух
Шухрат 2023-09-24, 04:12
Агар хоббини хамсарат бо касидига алока дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД