Formula september
Хобномаи динӣ (қисми2)
12892

Калла

Дар хоб дидани он ки калла аз бадан ҷудо аст, маънои муфлис шуданро дорад. Агар дар хоб худро дусара ё сесара бинед, душмани худро ғолиб омада, ба тамоми орзуву ниятҳои худ мерасед. Нафари беморе, ки сари худро дар хоб бурида мебинад, аз беморӣ шифо меёбад, қарзҳои худро бармегардонад, аз ташвишҳо озод мегардад. Нафаре, ки сари худро дар хоб бурида мебинад, дигаронро мутеи худ карда метавонад. Сари дар парвоз қарордошта нишонаи сафару саёҳат аст. Сари худро дар даст дидан барои нафароне, ки ба сафар омодагӣ мебинанд ё фарзанд надоранд, нишонаи нек аст.

Агар дар хоб сари худро ба сари палангу шер ё фил мубаддалгашта бубинед, аз уҳдаи кори худ ба хубӣ мебароед.

Сарчархзанӣ

Чарх задани сар дар хоб нишонаи гуноҳи азим содир кардану эҳтиёҷ ба тавбаву тазарруъ доштан аст.

Гуруснагӣ

Гуруснагӣ дар хоб шаҳодати аз даст додани боигарӣ ва пайдо намудани манбаи нави даромад аст.

Садо

Дар хоб садо шунидан нишонаи маъруфият ва бузургӣ аст, ҳар қадаре садо баланд бошад, ҳамон андоза шаъну шараф меафзояд. Агар нафаре дар хоб садои худро баланд шунавад, нисбати нафарони гунаҳкор иқтидор пайдо мекунад. Шунидани садои паст дар хоб ба тарсончакиву беҷуръатӣ ишора мекунаду садои тамоман паст нишонаи хоксорӣ аст. Садои нофорам шунидан шаҳодат аз ташвишу бадбахтӣ буда, садои форам хурсандӣ ва сурур аст.

Кабӯтар

Кабӯтар дар хоб зани дӯстдошта аст. Нафаре, ки дар хоб кабӯтарони зиёдеро ба даст меорад, аз шахсиятҳои машҳур кӯмаки молиявӣ мегирад. Дар хона ё ҳавлии худ кабӯтар хоб дидан маънои издивоҷ бо духтари зебову меҳрубонро дорад. Ҳамзамон кабӯтар дар хоб барои нафароне, ки дучори мушкилӣ ҳастанд ё яке аз пайвандони гумшудаи худро меҷӯянд, хабари хуш аст. Ҳар нафаре, ки дар хоб кабӯтарро мепартояд, соҳиби давлат ва фарзанд мегардад. Қур-қури кабӯтар намунаи зани тақводор аст. Агар кабӯтар дар хоб парида барнагардад, ин нишонаи аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар ва марги ҳамсар аст. Дар хоб ба даст овардани як кабӯтар расидан ба муҳаббати бузург ва издивоҷ аст.

Куҳ

Агар нафаре дар хобаш аз куҳу харсанг афтад, даст ба гунаҳ зада ё бемор мешавад. Фатҳ намудани куҳ дар хоб, расидан ба мақсад аст. Рафту куҳҳо ба ларза омада, баъдан ором шаванд, пас сокинони шаҳреро, ки чунин ҳодиса рух додааст, даҳшат интизор аст.

Кӯзпушт

Ҳар нафаре, ки худро дар хоб кузпушт мебинад, соҳиби давлату сарвати зиёд мегардад.

Шаҳр

Агар нафаре дар хобаш ба ягон шаҳр ворид гардад, аз он чизе, ки метарсид, раҳо меёбад. Дар хоб дидани шаҳри вайронаву валангор нишонаи он аст, ки дину имони сокинони ин шаҳр заиф гашта, аз неъматҳои дунёӣ бенасиб мемонанд. Баъзе уламо бар онанд, ки дидани шаҳри вайрона дар хоб аз марги олими номдоре дарак медиҳад.

Нахӯд

Саломатӣ ва муваффақият насиби оне мегардад, ки дар хоб нахуд мебинад ё онро истеъмол мекунад.

Меҳмонхона

Меҳмонхона дар хоб сафару саёҳат аст.

Меҳмон

Дар хоб дидани меҳмон хабари тавлид ёфтани писарча аст. Нафаре, ки дар хобаш меҳмонро хоб мебинад, вале зани ҳомила надорад, аз Худованд насиба мегирад. Лату куб кардани меҳмон аз ҷониби нафаре ҳарфи дурӯғ шунидан асту андуҳ дидан аст. Ба меҳмонӣ даъват шудан маънои онро дорад, ки шахси муддати мадид набуда бармегардад.

Дарахти анор

Дар хоб дидани анор пул ба даст овардан аст. Баъзан анор маънои занро дорад. Агар анор дар хоб ба маънои зан омада бошад, пас анори пурра маънои духтари бокираро дорад.

Шӯрнӯл

Шӯрнӯл (грач) дар хоб аз гуфтори беҳуда дарак медиҳад. Нафаре, ки дар хоб ба болояш ин парранда меафтад, қурбони дуздон мегардад.

Шона

Шона дар хоб некиву хайр аст, ҳамзамон нишонаи шахси боадолатро дорад. Дар хоб шона кардани мӯй нишонаи шодиву хурсандиро дорад.

Гуноҳ

Ҳар нафаре, ки дар хобаш гуноҳ содир мекунад, аз нафаре пул қарз мегирад.

Замбӯруғ

Дар хоб замбӯруғи зиёд дидан хуб аст, вале як ё ду дона замбӯруғ нишонаи некро надорад. Замбӯруғҳое ҳастанд, ки хабари хушро пешгӯӣ мекунанд.

Раъду барқ

Раъду барқ дар хоб ба тарс ишора мекунад. Рафту раъду барқ занаду осмон равшан шавад, нишонаи нек нест.

Сина, пистон

Синаи зебо дар хоб нишонаи он аст, ки шахси гунаҳкор пушаймон мешавад ва мушкилиҳо рафъ мегарданд. Ҷароҳат дар сина нишонаи ошиқист. Дард дар сина исрофкорӣ аст. Баъзе аз уламо мегӯянд, ки синаи васеъ дар хоб шаҳодат аз саховатмандӣ ва нармдилӣ аст. Агар чизеро дар синаи зан овезон хоб бинанд, ин зан ба зино роҳ медиҳад. Синаи калони зан дар хоб нишонаи бадахлоқии уст. Синаи ширдор аз сарватманд шудан ва тавлиди тифл дарак медиҳад. Ҳамзамон нишонаи сабурӣ ва ҳалимӣ аст.

Нок

Нок дар хоб аз саломатии заиф дарак медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Наргис 2019-12-21, 07:57
Мпн хомиладор хастам дар хобам гахвора ва кудакро дидам кудаки худам
Посух
Мавлуда Исмоилова 2023-08-13, 08:27
Кудаки худро дар гахвора дидан дар хоб
Посух
Фарзона 2023-10-06, 07:16
Дар хоб дидани курати кабуди осмонии дароз бо болопуши зарин пушидаам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Наргис 2019-12-21, 07:57
Мпн хомиладор хастам дар хобам гахвора ва кудакро дидам кудаки худам
Посух
Мавлуда Исмоилова 2023-08-13, 08:27
Кудаки худро дар гахвора дидан дар хоб
Посух
Фарзона 2023-10-06, 07:16
Дар хоб дидани курати кабуди осмонии дароз бо болопуши зарин пушидаам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД