formula
Хобномаи динӣ
17634

 

Ҳавз

Ҳавзи пур аз об дар хоб нишонаи он аст, ки инсон бо дастгирии шахси саховатманде ба қудрату манзалат мерасад. Дар ҳавз оббозӣ кардан аз ғаму ташвиш озод шудан, аз ҳавз об нӯшидан молу мулк ба даст овардан аст. Агар нафаре дар оби ҳавз хун бубинад, гирифтори бемориҳои хун мегардад.

Новадон, обрез

Агар дар хоб аз новадон об ҷорӣ бошаду борон набошад, нишонаи ошӯб аст. Рафту дар баробари хоб дидани новадон ҳаво боронӣ бошад, чунин хоб даромади пулиро пешгӯӣ мекунад.

Ароба

Аробаи аз ҳад зиёд пур дар хоб нишонаи азоб ва кӯшишҳои бесамар аст. Аробаи холӣ аз комёбиву боигарӣ дарак медиҳад.

Бозгашт аз сафар

Аз сафар баргаштан маънои аз ғаму ташвиш ва бадбахтиҳо раҳо ёфтанро дорад. Чунин хоб баъзан метавонад нишонаи аз гуноҳҳои содирнамуда пушаймоншавии шахси хобдидаро таҷассум намояд.

Ҳаво

Ҳавои тоза шаҳодат аз саломатии хуб, бурдборӣ ва оромии руҳӣ аст. Ҳавои абрнок бошад, шаҳодат аз бадбахтиву ғам буда, агар осмон пур аз абри сиёҳ бошад, бадбахтӣ ва абри сурх беморӣ аст. Ҳавои соф ҳосили бойи ғалла ва серҳосил гаштани сабзавотро пешгӯӣ мекунад.

Ҷанг

Ҷанг дар хоб нишонаи он аст, ки нархи маҳсулот қимат мешавад. Рафту дар хоб сокинони шаҳр байни худ ҷанг мекарда бошанд, ин маънои онро дорад, ки нархи маҳсулоти ниёзи аввал боло меравад.

Лашкар, қӯшун

Ҷамъ омадани лашкар дар хоб ғолибияти нафаронеро нишон медиҳад, ки ҳамеша ҳақиқату адолатро пайгирӣ мекунанд.

Гург

Гург дар хоб аз зулму ҷабри душман ва дузд нишона аст. Агар нафаре дар хобаш дар хонаи худ гургро бубинад, ба хонааш дузд медарояд. Гургро дар дигар ҷой дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида нисбати нафари бегуноҳе гумони бад мекунад.  

Мӯй дар бадан

Нафаре, ки дар хоб дар кафи даст ва тамоми рӯйи худ мӯй мебинад, қарздор мешавад. Мӯй дар дигар аъзои бадан нишонаи боигарӣ аст. Агар шахси тоҷир дар хоб мӯйи худро дароз бубинад, дороияш дучанд мегардад. Ҳамзамон мӯйи кутоҳ ба кам шудани давлат ишора мекунад. Агар нафаре дар хоб мӯйи баданашро бо оҳак тоза кунад, агар бой бошад, муфлис мешавад, агар камбағал бошад, бой мешавад. Рафту мушкиливу ташвиш дошта бошад, рафъ мегардад, бемор бошад, шифо меёбад, қарздор бошад, қарзашро бармегардонад.

Мӯй дар сар нишонаи боигарӣ ва дарозумрист. Бофтани мӯй дар хоб ба амалӣ шудани корҳо ва молу мулки худро аз зиёну зарар ҳифз намудан аст. Агар нафаре дар хоб бубинад, ки мӯйи сараш дар моҳҳои ҳаҷ неву дигар моҳ тарошида шудааст, аз боигарӣ маҳрум мегардад ё давлати роҳбари худро нобуд месозад. Дар хоб дидани мӯйи тарошидаи сар нишонаи хуб аст, шахси чунин хобдида ба ҳаҷ меравад, ба шарте ки дар моҳи ҳаҷ хоб дида бошад. Агар нафаре аз соҳибкорон мӯйи худро дароз бубинад, тиҷораташ афзун мегардад. Мӯйи сари худро дар хоб сафед дидан нишонаи расидан ба обрӯву нуфуз аст, агар нафари сарсафед мӯйи сари худро сиёҳ бубинад, мавқеяш дар зиндагӣ тағйир меёбад.

Шона кардани мӯй ва риш дар хоб раҳо ёфтан аз ғаму андуҳ, баргардонидани қарз ва ба орзуҳо расидан аст. Кандан ё чидани мӯйи сафед маънои ба маслиҳати калонсолон гӯш накардан аст. Агар нафари камбизоат дар хоб сари худро сафед бубинад, қарздор мешавад ё ба маҳбас меафтад. Зан сари худро сафед бубинад, шавҳараш занбозӣ мекунад ё ба зани дигаре ошиқ мешавад. Марди зандор мӯйи пешонии худро дароз бубинад, зиндагии хуш насибаш мегардад, марди бе зан чунин хоб бубинад, зани зебову порсое меёбад. Дар хоб зани бе мӯйро хоб дидан нишонаи сар задани муноқиша аст.

Дузд

Дузд дар хоб ишора ба шайтон аст. Баъзе аз уламо мегӯянд, дар хоб дидани дузд расидани зиён ё талафот аст. Агар дузд ягон чизро аз хона барад, маънои онро дорад, ки дар хонаи нафари чунин хобдида нафаре реҳлат менамояд. Агар дузд аз хона бо дасти холӣ барояд, пас нафаре аз аҳли ин хонадон дар дами марг қарор мегирад, вале оқибаташ ба хайр мешавад.

Гунҷишк

Дар хоб дидани гунҷишк шаҳодат аз тавлиди тифли ҷинсаш писар аст. Гунҷишкро дар хоб қапидан пешравӣ дар кор аст.

Зоғ

Нафаре ки дар хоб зоғро меқапад, пули ҳаром ба даст меорад. Хӯрдани гӯшти зоғ дар хоб эҳтимоли аз дасти дузд пул гирифтан аст. Дидани зоғ дар хонаи худ аз содир намудани ҷинояти мудҳиш пешгӯӣ мекунад.

Зоғи ало

Дар хоб дидани зоғи ало маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида бо нафарони барояш азиз ҷудо ва мусофир мегардад. Ҳамзамон зоғи ало дар хоб ишора ба ҷанг ва ба хок супоридани фавтидагон аст.

Дарвоза

Дарвозаи шикаста дар хоб нишонаи бадбахтӣ ва мусибат аст, ки ба сари сарвари хонадон меояд. Рафту дарвоза наву пур аз нақшу нигор бошад, сарвари оила ба хушнудӣ мерасад.

Душманӣ

Дар хоб бо нафаре душманӣ кардан маънои онро дорад, ки дар бедорӣ бо он нафар оштӣ шуда, дӯстӣ барқарор мегардад.

Духтур

Агар нафари бемор дар хобаш назди табиб равад, аз беморӣ шифо меёбад, рафту шахси сиҳат ба назди духтур равад, бемор мешавад, хусусан агар духтур барояш дору нависад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Гыха чкидм 2019-07-27, 00:33
Гыхи сага бычки чигап меша дар хоб ??
Посух
Салом модарам оғили пур аз баррачаҳою бузичаҳоро хоб дидааст. 2019-08-17, 12:10
Таъбири ин хобро пурра ба мо мефаҳмондед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Гыха чкидм 2019-07-27, 00:33
Гыхи сага бычки чигап меша дар хоб ??
Посух
Салом модарам оғили пур аз баррачаҳою бузичаҳоро хоб дидааст. 2019-08-17, 12:10
Таъбири ин хобро пурра ба мо мефаҳмондед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД