Arzon march 2024
Хобномаи исломӣ
19209

 

Хоб пайке аст, ки бо воситаи он Худованд бандагонашро аз сар задани ин ё он ҳодиса огоҳ кардан мехоҳад. Таъбири хоб аз замонҳои қадим дар байни мардуми мусалмон маъруф буд. Донишмандони машҳури машриқзамин, уламои дин ва ҳатто паёмбарон бо таъбири хоб машғул буданд ва сирру асрори хобҳои раҳмонию шайтониро фош месохтанд. Хобномае, ки мо ба шумо пешкаш месозем, хобномаи исломӣ буда, дар такя ба сура ва оятҳои китоби муқаддаси қуръон таҳия шудааст.

Оллоҳ
Ҳар нафаре, ки дар хоб Оллоҳи бузургро шоду масрур мебинад, пас дар рӯз Қиёмат нигоҳи Оллоҳ низ сӯяш чунин хоҳад буд. Ҳамзамон хоб дидани Оллоҳ нишондиҳандаи он аст, ки Оллоҳ аз амалу кирдори неки инсон розӣ асту подоши амалҳои хубашро мебинад. Агар дар хоб бубинӣ, ки Офардигор ба ту чизе аз хубиҳои ҳаёт медиҳад, нохушӣ ё беморие насибат мегардад, ки бо сабаби он ба биҳишт ворид мегардӣ. Агар инсон Оллоҳро дар ягон мавзеи машҳуру шинохта бубинад, ин маънои онро дорад, ки он макони адолату ҳақиқат аст ва он ҷо инсонро некиву хушҳолӣ ва ёрӣ мерасад. Хоб дидани он ки Худованд бо касе гап мезанаду барои амале ҳушдор ё сарзаниш мекунад, ин шахс гунаҳкор аст ва бояд ҳатман тавба кунад. Рафту Худованд дар хоб омада, инсонро миннатдорӣ намояд, пас ин нафар муъҷизаофар (бокаромат) аст ва ба ситоиши Парвардигор муяссар гардидааст. Чунин хобро танҳо нафарони баргузида мебинанд.

 Майит
Дар хоб дидани шахсе, ки дар дами марг аст, аз зиндагии хушбахтонаву босаодат шаҳодат медиҳад. Рафту нафаре дар хоб бубинад, ки фаришта (малоика) аз мӯйи сари ӯ қайчӣ карда, ба оташ мепартояд, ин маънои онро дорад, ки таҳқиру рехтани обрӯ интизораш аст.

Оташи дӯзах
Дар хоб дидани оташи дӯзах аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон ба бадбахтӣ дучор мегардад ё имтиҳони вазнине ӯро дар пеш аст, ки аз он раҳо ёфта наметавонад. Ҳар нафаре, ки оташи дузахро дар хоб мебинад, бояд аз пайи тавбаву надомат шавад.
Агар дар хоб бинед, ки ба дӯзах афтидаед, ин маънои онро дорад, ки ба амали нораво ва гуноҳи бузург даст мезанед. Ва нафаре, ки шуморо ба оташи дӯзах мебарад, аз ӯ эҳтиёт шавед, зеро маҳз ҳамин нафар шуморо ба амали нораво роҳнамо месозад. Агар дар хоб инсон аз оташи дӯзах сиҳат барояд, ӯро бо ғамхорӣ фаро мегиранд ва ӯ пӯзиши гуноҳ мекунад.
Агар аз оби дӯзах ё дарахти дӯзах чизе биошомӣ, аз бадбахтие огаҳ мегардӣ.
Сиёҳ гаштани рӯй аз оташи дӯзах, нишонаи он аст, ки бо душмани Оллоҳ муошират мекунӣ ва дар кору кирдори ӯ шарик гашта, шармандаву рӯсиёҳ мегардӣ.
Агар дар хоб бубинӣ, ки муддати мадид дар дӯзах ҳастӣ ва чӣ гуна ба ин ҷо роҳ ёфтанатро намедонӣ, тамоми умр аз намозу рӯза ҷудо гашта бадбахт мемонӣ.
Дар оташи лахчаҳои дӯзах гаштан маънои онро дорад, ки инсон аз болои каллаҳои намозгузорони масҷид роҳ мегардад. Ҳама гуна хобе, ки дар мавриди оташи дӯзах дида мешавад, ошӯбу балво аст.
Агар нафаре шамшери худро аз ғилоф кашида ба оташи дузах дарояд, ба алфози қабеҳу нораво роҳ медиҳад. Бо табассум вориди оташ гашта, аз содир кардани гуноҳ ва бе имонӣ далолат медиҳад.
Дар наздикики худ дидани оташи дӯзах нишонаи пеш омадани мушкиливу душвориҳо аст.

Ҳазрати одам
Нафаре, ки Ҳазрати Одамро дар хоб бубинад, қудрати беандоза ба даст меорад. Ҳар нафаре, ки Ҳазрати Одамро хоб мебинад, олим мешавад. Бо Ҳазрат ҳамсуҳбат гаштан маънои онро дорад, ки инсон ба васвасаи душманон гирифтор шудааст ва баъди чанде аз доми макру фиреб раҳо меёбад. Пайдо шудани Ҳазрати Одам дар хоб аз манзили зист кӯчиданро пешгӯӣ мекунад.

Азон
Шунидани азон дар хоб ба намоз ва зиёрат намудани Хонаи Худо талқин менамояд. Ҳар нафаре дар хоб азонро мешунавад, бояд аз пайи тоату ибодати парвардигор бошаду аз кору кирдори шайтонӣ дур.

Алифбо
Нафаре, ки дар хоб алифборо хоб мебинад, илму маърифати зиёдеро аз худ мекунад.

Зардолу
Агар хоб бубинед, ки зардолу истеъмол мекунед, ин нишонаи он аст, ки бемор мешавед ё чизи бароятон азизеро аз даст медиҳед.

Лаклак
Дар хоб дидани лаклак маънои ҷамъ шудани издиҳоми зиёди одамонро дорад. Агар лаклакро дар парвоз бубинед, издивоҷи бобарор ва саёҳати бофароғате шуморо дар пеш аст. Ҷамъ омадани анбуҳи лаклакон гувоҳи он аст, ки бо ҷинояткорону дуздон дар робита гашта, бар зиддашон мубориза мебаред.

Актёр
Дар хоб дидани актёр нишонаи он аст, ки миёни дӯстонатон дурӯғгӯёну дурӯягон зиёданд.

Акула
Акула дар хоб аз вохӯрӣ бо душман далолат медиҳад.

Момодоя
Момодояро дар хоб дидан бозгӯи он аст, ки шахси маҳкуме аз зиндон озод мегардад ва инсон аз ташвишу душвориҳо халос мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Мархабо 2019-08-16, 20:38
дар хоб мурдан калимаи шаходат гуфтан курони шарифро хондан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Мархабо 2019-08-16, 20:38
дар хоб мурдан калимаи шаходат гуфтан курони шарифро хондан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД