arzon replenishment
Хоки пойи шавҳарамро ба дида мемолам!
4717

 

Падарам модарамро бо се фарзанд партофта, ба Русия рафт ва дар он ҷо бо як зани рус хонадор шуда, оҳиста-оҳиста моро фаромӯш кард. Додаронам низ аз пайи зиндагии худ шуданд. Мо ду хоҳар чанд сол мешавад, ки модари беморамонро нигоҳубин мекунем. Шукри Худо мекунам, ки шавҳарам хеле одами хуб аст. Ба наздикӣ падарам дар Русия вафот кард ва рафиқонаш ӯро тобут карда, ба Ватан фиристоданд. Шавҳарам ба гапи касе гӯш надода, падарамро гӯру чӯб карда, маъракаҳои азодории ӯро гузаронид. Аз ин кори шавҳарам хеле миннатдор ҳастам. Аксаран мебинам, ки занҳои зиёде аз шавҳарони худ изҳори норизогӣ намуда, қариб дар ҳар шумораи ҳафтаномаи “Оила” номаҳои шикоятӣ ирсол менамоянд. Аммо ман гуфтаниям, ки мард ҳар хел мешавад ва шавҳари ман такягоҳи ман аст. Аз Худованд миннатдорам, ки маро бо чунин марди худотарсу савобҷӯ ҳамқисмату ҳамхона кардааст. Ваъда медиҳам, ки то ҷон дар рамақ дорам, шавҳари азизу меҳрубонамро тоҷи сар мекунаму хоки пояшро ба дида мемолам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД