sebiston july new
Холаам хушдоман шуду азроил гашт
04.09.2022
ОИЛА
1121
no-img


Ман Мӯниса, аз як деҳаи дурдаст ҳастам. Дарди диламро чоп кунед, то занҳои азиз маслиҳати судмандашонро аз мани мискин дареғ надоранд.Маро модарам ба писари холаам фотиҳа карда буд. Се сол бо ҳам зиндагӣ карда бошем ҳам, хушбахт набудем, чунки хушдоман-холаам баъди маро ба хонааш келин карда овардан, ба беморӣ гирифтор шуда аз дунё гузашт.

Пас аз марги модаршӯям рӯзам сиёҳ гашт, шавҳарам «келини бе пою қадам шудӣ» гӯён, мудом неш зада ҷонамро ба лабам мерасонд. Муносибати танҳо шавҳарам не, тамоми аҳли оилаашон бо ман сард буд. Дигар чӣ кор карданамро надониста, қаҳр карда ба хонаи модарам омадам, вале падарам «зиндагӣ барои ту бозича аст, ки қаҳр карда омадаӣ?!» гӯён, аз дар даромадан намонд. Ночор ба хонаи шавҳарам баргаштам, вале «барои ту барин сархӯри қаҳрчӣ дигар дар ин хона ҷой нест» гӯён, пешам карданд.

Дар байни дуроҳаи қисмат сарсону саргардон монда, ба куҷо рафтану аз кӣ мадад пурсиданамро намедонам. Илтимос, маслиҳатам диҳед, ба падарам чӣ хел фаҳмонам, ки духтаратро дар хонаи шавҳараш касе чашми дидан надорад?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД