arzon replenishment
Холаам хушдоман шуду душмани ҷонам
1518

 

Дар утоқи корӣ саргарми таҳрири мавод будам, ки касе дарро маҳин ангушт зад. Сар аз кор бардошта, овоз додам:

- Марҳамат, дароед!

Дар ғижжосзанон кушода шуда, симои ҷавонзани лоғарандому гандумгуни чашму абрувонаш мисли пари зоғ сиёҳе намоён гашт.

- Апаҷон, сомонаи “Оила” ҳамин аст?-Беҷуръатона пурсид ҷавонзан.

- Бале, идораи сомонаи “Оилоа” ҳамин аст. Марҳамат бишинед, - меҳмонро ба нармкурсӣ ишорати нишастан намуда, матлабашро пурсон шудам.

- Апаҷон, аз зиндагӣ безор шудаам, мехоҳам худамро ба дор овехта кушам, лекин тарси ҳаром мурдан ва андешаи тақдири ҳамин ду кӯдаки бегуноҳам, ки баъди сари ман бе модар пеши пойи мардум хору зор мешаванд, маро нигоҳ медорад,- оҳи сард кашид ҷавонзан.

Ба шунидани ин суханони талх як қад паридам. Ҳайрон будам, ки ин зани гул барин зеборо кӣ ё чӣ аз зиндагӣ ин қадар дилсард кардааст.

- Хоҳарҷон, қасди ҷони ҷавони худ намудан роҳи ҳалли масъала нест. Бо мурдан касе ба муроди дилаш нарасидааст, ки шумо бирасед. Беҳтараш бигӯед, ки чӣ мушкилот доред, агар аз дастамон ояд, дар ҳаллаш кӯмак мерасонем, наояд, ба назди касоне мефиристем, ки қудрату имкони ба шумо мадад расонданро доранд,-бо ин суханон андаке меҳмонро таскин дода, номашро пурсидам, ҷавонзан, ки Маҳбуба ном доштааст, саргузашти талхашро бо дард ҳикоят кард.

Фарзанд ба хотири медали тилло

Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам. Падарам ба қавле як деҳқони хокпош, модарам зани хонашин бошанд ҳам, ба хотири медали тиллоии “Қаҳрамонмодар ”-и давлати шӯравӣ 13 фарзандро ба дунё овардаанд.

Ман дар оила фарзанди кенҷагӣ ва бетолеътарин ба шумо меравам. Яксола нашуда будам, ки давлати советӣ барҳам хӯрда, ҷангу ҷидол ва қаҳтию гуруснагӣ сар шуд.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ҶАҲОНАФРӮЗ: МЕҲРИ МАТЕМАТИКА МАРО БА СӮЙИ ХУД МЕКАШИД

Ёдам ҳаст, ки чӣ тавр падари раҳматиам барои чор дона хлеб шабҳо то саҳар навбат мепоид ва субҳ нонро ба хона оварда ба ҳамаамон як бурдагӣ тақсим мекард. Аксар вақт ба падару модарам нон намерасид, бечораҳо гуруснаю ташна менишастанд, то мо, фарзандонашон аз гуруснагӣ намурем.

Хазони орзуҳо

Зиндагиамон, ки аз аввал пуразоб буд, ҳаёти душвори падару модари бесаводамро дида, ман пеши худ мақсад гузоштам, ки албатта хонда, соҳиби обрӯ ва ному нон мешавам, вале Амина-холаам ба рӯйи ҳама умеду ормонҳоям хати батлон кашид.

Модарам дар бисоташ ҳамагӣ як апа дошт ва вақте ки холаам барои писараш Барот маро хостгорӣ намуд, хоҳишашро рад карда натавонист. Ҳарчанд гиряву нола кардам, ки ман нав ба 17 қадам гузоштааму ҳоло вақти шавҳар карданам нест, бояд аввал хонам, касбу кор омӯзем ва равиши хонадориро омӯзам, касе садои диламро шунидан нахост.

“Духтара чию хонданаш чӣ” гӯён, волидонам маро ба писари холаам ба шавҳар доданд, то риштаи хешу табориашонро мустаҳкамтар созанд, вале....

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД