Гулноза пештар рафту сари мизи ороста арӯсу шаҳро бодиққат нигоҳ кард. Фирдавс чунон зебову пурнур буд, ки каси дидагӣ аз ӯ чашм канда наметавонист. Арӯс ҳам пероставу шукуфон, аз дастони домод бо виқор дошта меистод.
Гулноза боз ҳам бештар қаҳраш омада, наздик рафту ба домод нигариста, гуфт:
- Салом, тӯй муборак!
Фирдавс сар ҷунбонид. Аммо дар чеҳраи ӯ заррае хурсандӣ дида намешуд. Гулноза мехост аз гиребони ӯ гирифта, дод занад, ки “куҷо шуд аҳду паймонат!?”. Аммо боз шарму ғурури духтаронааш имкон надод худро паст занад. Барои орзуҳояш месӯхт. Ҳамин дам ҳофиз, гӯё аз дарди дили ӯ бохабар бошад, месуруд:
Ту ёри нав гирифтӣ, азизам,
Бикун бовар, дигар рашке надорам.
Агар таклиф кардӣ рӯзи тӯят,
Барои таклифат кайҳо таёрам.
Агар таклиф созӣ, дӯст дорӣ,
Ба ҷойи дӯсти наздикат шуморӣ,
Қатори дӯстонат туҳфа бар даст,
Гули садбарг бар дастат супорам.
Насозам ман ҳеҷ касро гунаҳкор,
Гуноҳи худро бар кӣ супорам?
Мавзуна ӯро ба даруни хона дароварда, об дод ва гуфт:
- Гулноз, ман аз аввал медонистам, ки ҳаргиз модари ман туро келин намекунад. Ту хафа нашав. Аммо додари ман туро ба ҷонаш баробар дӯст медорад ва ту инро медонӣ.
- Агар дӯст медошт, номардӣ намекард.
- Медонӣ, модарам дар бистари беморӣ аст. Ҳозир меравем, мебинӣ. Ӯ шарташ гузошт, ки духтари акаамро мегирӣ. Арӯс духтари тағоям аст. Фирдавс асло розӣ нашуд, вале модарам гуфт, ки “ба ту дуои нек надода, аз дунё меравам”.
- Медонӣ, Мавзуна, ман ба Фирдавс дил бастам. Хаёл мекардам, ки бе ӯ нафас гирам, мемирам. Ин соат ӯ маро бе корд кушт. Шабҳо ба ёди Фирдавс хоб мекардам, ки мо тӯй мешавем, соҳиби чор писару як духтар хоҳем гардид. Эҳ, орзуҳои сӯхтаи ман...
Ин лаҳза Гулноза қариб монда буд баланд бигиряд.
- Ором шав, дӯстам. Ин ҳама тақдири бетадбир аст. Додари маро бубахш.
- Ӯро Худо бубахшад. Аммо то даме, ки Аллоҳ ҷонам додааст, дӯсташ медорам.
Гулноза ашки чашмонашро пок карду ба хонаи модари Фирдавс хобида даромад. Модари Фирдавсро дид, ки болои бистари беморӣ харобу рангаш парида дароз кашидааст. Ассалом гуфта, аҳволпурсӣ кард. Модари Фирдавс ӯро хушомадед гуфту аз пешониаш бӯса карда, дуо дод. Гулноза мехост дод зада гӯяд, ки ман ҳамеша орзу доштам келини ту бишавам, ба дастат об резам, афсӯс...
Гулноза сабраш сар омаду ба кӯча баромад. Мошини кироя гирифта, ба шаҳр баргашт. Рӯзи дигар ба зодгоҳаш рафт. Мехост ишқи Фирдавсро аз дил берун созад. Вале муҳаббати Фирдавс ҳеҷ аз қалбаш берун намешуд. Пеши чашмонаш фақат нигоҳҳои ошиқонаи Фирдавс падидор буд. Ба наварӯси Фирдавс рашк мебурд.
Дар ноҳия дар як ширкати тиҷоратӣ ба ҳайси тарҷумони забони форсӣ-арабӣ кор даромад. Хостгорони зиёде баромаданд. Ӯ ба хотири падару модар ба шавҳар баромад. Соҳиби се писари дустрӯ шуд. Баъди 20 соли зиндагӣ шавҳараш аз сактаи дил вафот карду ӯ танҳо монд. Дар 20-солагии тамом кардани донишгоҳ Мавзуна ҳам омада буд. Хотираҳои давраи ҷавонӣ зинда шуд. Дили пазмону гирёни Гулноза аз ҳаёти Фирдавс пурсон шуд. Мавзуна гуфт:
- Медонӣ, Гулноза, додарам бо духтари тағоям ҳамаги 5 сол зиндагӣ карду халос. Ҳеҷ ӯро дӯст надошт. Соҳиби як духтарчаву писарак шуданд. Баъд ду сол зан нагирифт. Мехост ба назди ту равад. Дарак ёфт, ки ту шавҳар кардаӣ, сахт ғамгин шуд. Ин навбат зани бефарзандеро ба занӣ гирифту онҳо ба Русия кӯч бастанд. Ҳоло онҷо зиндагӣ мекунанд. Номи духтарчаашро Гулноза мондааст. Ту медонӣ, модарам ба ӯ шарт гузошта буд, ки ё духтари акаамро мегирӣ, ё ман аз дунё норозӣ меравам. Модарам баъди 18 рӯзи тӯйи домодии ӯ мурд. Ба армонаш расид. Худо раҳматаш кунад. Аммо додарам бадбахт шуд. Як умр туро дӯст дошт. Ҳатто дар Русия мағозаи “Гулноза” кушодааст.
Ин суханони Мавзуна қалби Гулнозаро пора-пора сохтанд. Ишқи пинҳонаш боз бедор шуд. Вале..., дар китоби сарнавишт онҳоро дигар тақдир интизор будааст.
Гулноза акнун фақат дуо мекунад, ки Фирдавс куҷое бошад, хушбахт шавад. Мегӯяд, ки “шояд дар он дунё дилҳои ошиқи мо якҷо шаванд”.
Ишқе, ки дастнорас аст, ҳамеша азиз хоҳад монд.
Шаҳлои НАҶМИДДИН