Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз бароятон ором оғоз меёбад. Эҳтимол каме хастагӣ ва бетаваҷҷуҳӣ эҳсос кунед. Кӯшиш намоед корҳои муҳимро ба вақти дигар гузоред. Дар ҷои кор шитоб накунед, зеро эҳтимоли сар задани иштибоҳ зиёд аст. Бо наздикон муоширати гарм дошта бошед. Ба саломатӣ диққат диҳед, махсусан аз сармо ва шамол эҳтиёт шавед. Истироҳати кӯтоҳ фоида меорад.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз саврҳоро рӯзи пуркорӣ интизор аст. Корҳои ҷамъшуда диққати зиёд металабанд, вале натиҷаашон шуморо қонеъ мекунад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Эҳтимол пешниҳоди ҷолиб гиред. Бо вуҷуди серкорӣ, барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Муошират бо шахси дӯстдошта рӯҳияатонро беҳтар мекунад. Шомро дар фазои ором сипарӣ карданатон хуб аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯзи пур аз хабарҳост. Эҳтимол касе аз атрофиён бо маслиҳати муҳим ба шумо муроҷиат кунад. Даромади ногаҳонӣ ё хабарҳои хуш имконпазиранд. Дар муошират эҳтиёткор бошед, ҳар гапро бидуни андеша нагӯед. Ба саломатии наздикон аҳамият диҳед. Бегоҳ истироҳат кунед ва худро аз изтироб дур нигоҳ доред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз эҳсосоти саратонҳо қавӣ мешавад. Имкони рух додани вохӯрии ошиқона ё суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдошта зиёд аст. Дар ҷои кор масъулиятро бо ҷиддият ба дӯш гиред. Аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ намоед. Агар қарор қабул кардан лозим шавад, ба садои қалби худ бовар кунед. Бегоҳро бо аҳли оила гузарониданатон рӯҳияро болида месозад. Ба хоби кофӣ диққат диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз бароятон имкониятҳои нав меорад. Шояд дар касбу кор пешниҳод ё вазифаи нав пайдо шавад. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед ва қарз доданро ба таъхир гузоред. Муошират бо дӯстони қадим хотираҳои хубро зинда мекунад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ҳаракати бештар ва ҳавои тоза муфид аст. Шомгоҳон хабари хуш шуниданатон мумкин аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз сунбулаҳоро баъзе ташвишҳои рӯзмарра интизоранд. Хароҷоти ғайричашмдошт имконпазир аст. Ба корҳои техникию нақлиётӣ боэҳтиёт муносибат кунед. Агар роҳбарият маслиҳат пурсад, фикри худро оромона баён намоед. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед. Истироҳати саривақтӣ ва парҳези сабук ба шумо нерӯ мебахшад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз бароятон нисбатан муваффақ мегузарад. Муошират бо атрофиён осон мешавад ва баҳсҳо ба зудӣ ҳал мегарданд. Дар касбу кор иқдоми ҷасурона натиҷаи хуб медиҳад. Бегоҳ барои истироҳат ё меҳмонӣ муносиб аст. Муҳити хуш ба рӯҳия ва саломатии шумо таъсири мусбат мерасонад. Аз фурсат истифода бурда, худро шод гардонед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз ақрабҳо беҳтараш оромиро нигоҳ доранд. Аз муошират бо нафарони асабонӣ дурӣ ҷӯед. Нафарони муҷаррад метавонанд шиносоии ҷолиб пайдо кунанд. Барои оиладорон рӯз пур аз эҳсосоти гарм аст. Ба овозаҳо ва гапҳои носаҳеҳ аҳамият надиҳед. Дар ҷои кор сабр калиди муваффақият мешавад. Бегоҳ истироҳат кунед ва нерӯ ҷамъ намоед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Нимаи аввали рӯз барои вохӯриҳо ва шиносоиҳои нав мусоид аст. Дар касбу кор масъулиятшиносӣ ва ташаббус натиҷаи хуб меорад. Аммо худро бо корҳои дилгиркунанда хаста накунед. Барои эҷодкорӣ ё омӯзиш вақт ҷудо кунед. Муошират бо дӯстони наздик табъатонро болида месозад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз шуморо суботи молиявӣ интизор аст. Эҳтимол маблағ ё туҳфаи ногаҳонӣ гиред. Дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва харид боэҳтиёт бошед. Нимаи дуюми рӯз барои мулоқот бо дӯстон мувофиқ аст. Аз фиребу ваъдаҳои холӣ канорагирӣ кунед. Ба саломатӣ диққат диҳед, хусусан ба фишори хун ва хастагӣ.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз каме серташвиш оғоз меёбад, вале тадриҷан ҳама чиз ба ҷояш меояд. Агар асабонӣ шавед, қаҳру ғазаби худро идора намоед. Дар касбу кор шитоб накунед. Истироҳати кӯтоҳ ё сайругашт кумак мекунад. Муошират бо шахси наздик оромӣ мебахшад. Бегоҳирӯзӣ беҳтараш танҳоӣ ё фазои оромро интихоб кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз барои ҳутҳо рӯзи умедбахш аст. Имкони пешрафт дар касбу кор ё гирифтани пешниҳоди ҷолиб вуҷуд дорад. Корҳои нотамомро ҷамъбаст кунед, то аз ташвиш халос шавед. Бо наздикон нофаҳмӣ имкон дорад, вале бо сабр ҳал мешавад. Аз хастагии зиёд худдорӣ намоед. Истироҳат ва табобат имрӯз хеле муҳим аст.