Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки имрӯз дар баъзе кӯчаҳои ноҳияи Сино то соати 17:00 интиқоли қувваи барқ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Маҳдудияти қувваи барқ дар кӯчаҳои Р. Набиев, Маяковский, дар маҳаллаҳои Чортут ва Конститутсия пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки маҳдудияти интиқоли барқ бо сабаби корҳои таъмириву профилактикӣ дар зеристгоҳи “Саноатӣ” ба назар гирифта шуда, мумкин аст вобаста ба иҷрои корҳо пештар аз муҳлати зикргардида барқ дода шавад.