Қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 баргузор гардид
13.01.2026
Oila.tj
49

Дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон пеш аз оғози мавсим дар ду марҳила баргузор мешавад - пешакӣ ва ниҳоӣ. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба се минтақа тақсим мешаванд - Душанбе, Суғд ва Хатлон.

Мусобиқа дар Душанбе 23-юми январ оғоз мегардад ва даҳ даста дар он ширкат мекунанд. Дар қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Чаҳор дастаи беҳтарин аз минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ меёбанд.

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷом бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мешаванд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Рангон», «Сардор», «Регар-ТадАЗ», «Шоҳмансур», «Шодмон».

Гурӯҳи «Б»: «Душанбе», «Ҳосилот», «Саройкамар», КМВА, «Барқчӣ».

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқа тими “Истиқлол”маҳсуб мешавад. Дубли Беганович ғалабаи “Истиқлол”-ро дар баробари КМВА таъмин намуда буд. Дастаи шаҳри Душанбе қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021 ғолиби мусобиқаи мазкур шудааст.

Ғолибони Ҷоми ФФТ (2012-2025):

2012 - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хайр» (Ваҳдат) - 1:0

2013 - «Хайр» (Ваҳдат) - КМВА «Помир» (Душанбе) - 1:1. пеналти - 6:5

2014 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) - 2:0

2015 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) - 5:1

2016 - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 1:0

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1

2018 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 3:1

2019 - «Куктош» (Рӯдакӣ) - «Истиқлол» (Душанбе) - 2:5

2020 - «Равшан» (Кӯлоб) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - 1:2

2021 - «Хатлон» (Бохтар) - «Истиқлол» (Душанбе) - 0:1

2022 - «Ҳосилот» (Фархор) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:4

2023 - КМВА (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1

2024 - «Равшан» (Кӯлоб) - «Ҳосилот» (Фархор) - 1:0

2025 - «Истиқлол» (Душанбе) - КМВА (Душанбе) - 2:0

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД