Хонаи хушдоман мактаби ҳаёт аст
04.01.2026
Oila.tj
123

Имрӯз ба кадом хонае сар нахалонӣ, албатта келин аз хушдоман менолад ё хушдоман аз келин. Хушдоманҳо айбро ба гардани келин бор мекунанду арӯсон аз хушдоман ҷаллод метарошанд, вале...

Ман низ келин ҳастам, вале келини хушбахт. Волидонам маро ҳангоми дар курси сеюм хонданам ба шавҳар доданд. Хушдоманам, ки духтар надоштанд, маро ҳамчун духтар қабул намуданд. Ҳеҷ гоҳ байни ману фарзандонашон фарқият намегузоштанд. Ростӣ азбаски духтари яккаву ягонаи оилаамон будам, дар хона волидонам маро эрка карда, намемонданд, ки дастамро ба оби тар занам, вале баъди ба шавҳар баромадан ба кору бори хушдоманам аҳамият дода, рӯзгордориро омӯхтам. Кӯшиш мекардам, ки кори фармудаашонро ба табъи дили хушдоманам иҷро намоям. Духтари хондагӣ бошам ҳам, ҳеҷ гоҳ аз гапи модаршӯям берун намебаромадам, чунки модарам мудом таъкид мекарданд: «Сари хаматро боло накун, сари хамро шамшер намебурад. Ҳар ҳафтаву ҳар моҳ хонаи модарам меравам нагӯй, ҳар гоҳ хусуру хушдоманат иҷозат доданд, ба меҳмонӣ ба хонаи мо биё. Хонаи ту акнун хонаи мо не, хонаи шавҳарат аст...».

Аксари духтарҳое, ки дар давраи донишҷӯйӣ ба шавҳар мебароянд, аз сабаби душвории зиндагӣ донишгоҳро мепартоянд, вале бо шарофати хушдомани биҳиштиам ман тавонистам ду соли дигар хонда соҳиби диплом гардам. Фарзандамро бибиаш нигоҳубин мекарду ман ба дарс мерафтам, вале аз дарс баргашта дар болои диван дароз кашида хоб намерафтам. Тамоми кору бори хонаро мекардам, то дар ҳаққам ягон гап наёбанд. Ҳамин тавр бо модаршӯям ҳафт сол дар як хона мисли модару духтар зиндагӣ кардем. Дар муддати ҳафт сол байни ману он кас боре ҳам гапи пасту баланд нагузаштааст.

Ба духтарҳо ва занҳои ҷавон гуфтаниям, ки хонаи хушдоман мактаби ҳаёт аст, агар келин аз имтиҳони устод, яъне хушдоман гузарад, дар зиндагӣ албатта хушбахт мешавад!

ФАРИДА, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД