35 years of independency
Хонандае, ки дар як сол 36 медал гирифтааст
13.09.2026
Oila.tj
89

Дар шаҳри Челябинск хонандаи синфи шашум Даряна Кузнетсова дар як сол 36 медал ба даст овардааст. Ӯ аз 1-уми майи соли 2024 то 30-юми апрели соли 2025 дар мусобиқаҳо ва озмунҳои гуногун иштирок кардааст. Дар байни онҳо мусобиқаҳои шиноварӣ, акватлон ва триатлон, инчунин конференсияҳои зеҳнӣ ва озмунҳои суханварӣ буданд.

Ҳар як пирӯзии Даряна бо медал, диплом ё ифтихорнома тасдиқ шудааст. Дар натиҷа, духтари 13-сола дар давоми як соли тақвимӣ 36 медал ба даст овард. Ин натиҷа 19-уми майи соли 2025 расман сабт шуда, ба Феҳристи рекордҳои Русия ва Китоби байналмилалии рекордҳои INTERRECORD ворид гардид.

Муваффақияти Даряна нишон медиҳад, ки бо меҳнат, ирода ва машқи зиёд метавон дар як вақт дар чанд самт ба натиҷаҳои баланд ноил шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД