Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ дирӯз, 5-уми май ба таври ногаҳонӣ ба чанд мактаби шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз рафти таълиму тарбия ва одобу ахлоқи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ изҳори норозигӣ намудааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати маориф ва илми кишвра хабар медиҳад.
“Зимни боздиди вазири маориф ва илм маълум гашт, ки дар баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории шуъбаи маориф ва директорони мактабҳо таълимию тарбия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ва иштироки хонандагон дар дарс ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошад. Аз ҷумла директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 Бобоёров Зокирҷон ва муовини директор оид ба хоҷагидорӣ Муҳиддинов Маҳмадшоҳ дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар кор ҳузур надоштанд. Дар синфи 9 «А»-и муассисаи мазкур аз шумораи 33 нафар хонанда 22 нафар иштирок дошта, 14 нафар ё ин ки 38,8%-и хонандагон иштирок надоштанд. Мувофиқи ҷадвали дарсии синфи мазкур мебоист, ҳар як хонанда 6 китоби дарсиро бо худ меоварданд, вале санҷиш собит намуд, ки хонандагон аз 2 то 3 китоб овардаанд, ки 50%-ро ташкил медиҳад. Аз 22 хонанда ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб гардонида натавонистанд”,- омадааст дар хабар.
Вазири маориф ва илми кишвар боз аз чанд мактаби шаҳри Ҳисор дидан намуда, аз камбудиҳои ҷойдошта дар самти интизоми меҳнат, раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонӣ изҳори нигаронӣ намудааст.
“Вазир таъкид намуд, ки ҳар як корманди соҳаи маориф бояд бо дилу нияти нек, эҳсоси баланди ватандорӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро дар самти таъмини шароити муносиб барои таълим, тарбияи солими насли наврас ва тақвияти маърифатнокии ҷомеа ҷиддӣ ба роҳ монад”,- навиштааст манбаъ.