14-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС-2025) баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари осиёӣ иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд. Дар миёни чунин рақобати шадиди байналмилалӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас баромад карда, обрӯи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.
Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик дар умум 51 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 14 медали тило, 17 медали нуқра, 15 медали биринҷӣ мебошад. Инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини сарвазир - вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Шоҳигарии Камбоҷа доктор Хан Чуан Нарон аз сатҳи баланди омодагии иштирокдорон ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки Олимпиадаи Ангкор заминаи муҳими рушди тафаккури илмӣ ва рақобати солим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода ширкат варзида, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намудааст.
- Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намуда, парчами илми тоҷикро баланд бардоранд,- меафзояд манбаъ.