tobiston
Хӯриш аз гӯшти мурғ ва тухми обпаз
06.07.2025
Oila.tj
77

Маҳсулоти лозима:

250 грамм гӯшти мурғ, 3-4 тухми обпаз, 125 грамм хӯриши сабзигии кореягӣ, 100 грамм панири сахт, майонез, кабудӣ.

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғро дар намакоб пухта, ба пораҳои хурд реза кунеду дар хӯришгирак тунук кунед. Сабзии куриёгиро низ реза карда, тунук кунед, аз рӯяш майонез илова намоед. Барои қабати сеюми хӯриш панири аз турбтарош гузаронидашуда ва майонезро илова кунед. Сафедиҳои тухмро ҷудо карда, дар болои хӯриш аз турбтарош гузаронед. Каме майонез моледу қабати охиринро бо истифода аз зардиҳои тухми аз турбтарош гузаронидашуда ва майонез оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД