sebiston july new
Хӯриш бо ангур
1101

Хӯриш бо мурғ ва ангур хеле лазиз ва олӣ ҳаст, зеро бӯи табиӣ ва туршии ангур тамъи хуб дорад.

Хӯриш дар шакли як хӯшаи ангур ба таври муассир оро дода мешавад, ки он на танҳо болаззат, балки ба таври зебо дар ҳама гуна миз ба назар мерасад.

Маҳсулоти лозима:

  • 350 грам гӯшти мурғ;
  • 250 грам ангур;
  • 80 грам панир;
  • 40 грам чормағз;
  • 3 дона тухм;
  • майонез.

Тарзи таҳия:

Дар аввал ҳамаи маҳсулотҳоро омода кунед. Тухмҳоро ҷӯшонед, филеро (гушти мурғ)–ро намак карда, ба тоба равғани растанӣ рехта, дар он филеро дар оташи баланд аз ҳар ду тараф бирён кунед ва сипас дар зери зарф дар оташи паст то пурра пухтанаш нигоҳ доред.

Филе, ки хунук шуд, чоркунҷаи майда реза карда, дар зарфи хӯришгирӣ гиред ва майонез кунед. Тухмҳоро низ ҷӯшонда, чоркунҷаи майда реза карда, аз болояш гиред ва майонез кунед.

Панирро аз тарошак гузаронида, аз болояш гиред ва майнез кунед. Чормағзҳоро аз болояш гузошта, майонез кунед. Ангурро шуста, ба ду қисм буред ва донаҳояшро хориҷ кунед. Хӯришро бо ангур оро диҳед.
Бо иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД