sebiston july new
Хӯриш бо чӯбҳои харчанг ва биринҷ
1245

 

Хӯриш бо чӯбҳои харчанг як таомест, ки барои ҳама аз кӯдакӣ шинос аст. Ин навъи хӯриш пас аз шуба ва оливие сеюмин маъмултарин хӯриш ба ҳисоб меравад. Раванди тайёр кардани ин хӯриш хеле осон аст ва вақти зиёдро намегирад.

Маҳсулоти лозима:

  • 100 грамм биринҷ;
  • 4 дона тухм;
  • 250 грамм чӯбҳои харчанг;
  • 250 грамм консерваи ҷугоримакка;
  • 2 дона бодиринг;
  • майонез;
  • намак;

Тарзи таҳия:

Барои тайёр кардани хӯришҳои болаззат бо чӯбчаҳои харчанг, беҳтар аст, ки биринҷи буғӣ истифода шавад, зеро ҳангоми пухтан он пошхӯрдатар мешавад.

Ҳамин тавр, ним пиёла биринҷ ва онро ба як дегчаи хурд резед. Дегро ба оташи паст гузоред. Пас аз ҷӯшидани оби дег намакро меандозед. Биринҷ бояд аз ҳад зиёд пӯхта нашавад, зеро ҳангоми аз ҳад зиёд пӯхтанаш биринҷ часпанда мешавад. Биринҷро дар қабати аввал дар зарфи хӯришгирӣ гузоред.

Баъдан тухмҳоро дар зарф гирифта, дар оташ ҷӯшонед. Тухмҳо, ки ҷӯшиданд, онҳоро дар оби хунук гирифта, хунук кунед. Баъдан, тухмҳоро тоза карда, чоркунҷа реза мекунем. Дар болои биринҷ як қабати тухми резакардашударо гузоред.

Бодирингҳоро дар зери оби равон шӯед ва чоркунҷаи майда реза карда, ба хӯриш илова кунед. Акнун вақти чӯбҳои харчанг аст. То ин вақт онҳо бояд аллакай хуб гудохта шаванд. Чӯбҳои харчангро низ чоркунҷаи майда реза кунед ва сипас ба хӯриш илова кунед.

Баъдан ҷуворимаккаро бодиққат кушоед, обашро ба як зарфи дигар рехта, онро ба хӯриш илова кунед. Ба хӯриш намак мепошем ва майонез илова карда, хуб омехта мекунем.

Хӯриш, ки омода шуд дар як зарфи хӯришгирӣ гирифта ба шаклҳои махсус пешкаш кардан мумкин аст. Инчунин, хӯришҳои тайёрро бо якчанд шохаҳои гиёҳҳои тару тоза оро додан мумкин аст.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД