Arzon march 2024
Хӯриши «Банкет»
2635

 Маҳсулоти лозима:

1. тухм 3-то

2.  гӯшти мурғ 300 г

3. қаланфури булғорӣ,

4. помидори хурд 2-то

5. Нахӯди сабз - як бонкаи хурд

6. панир-150 г

7. бодиринги сабз 1-дона

8. бодиринги очонидашуда,

9. пиёзи хурд 1-то

10. Майонез

Тарзи таҳия:
Сараввал гӯшти мурғ ва тухмро дар об пазед. Баъди пухтанаш тухмро пӯст карда, гӯшти мурғро хунук кунонед. 

 

Тухми обпазро хурд реза кунед. 

Гӯшти мурғро ба пораҳои начандон калон реза кунед. 
Помидорро ба таври наргисӣ ва бодирингро дар шакли чоркунҷаи хурд реза кунед. 
Аввал бодиринги сабз ва баъдан бодиринги очонидашударо аз турбтароши сурохиҳояш васеъ гузаронед. 

Панирро низ аз турбтароши сурохиҳояш васеъ гузаронед.
Пиёзи сафед ва пиёзи сабзро маҳин реза кунед. 
Акнун маҳсулоти резакардаро дар табақи ҳамвор паҳлуи ҳам бо қошуқ гузоред. Нахуди сабзро низ фаромӯш накунед. 

Қабл аз истеъмол ба хӯриш майонез илова кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД