Formula novemver 2024
Хӯриши сервитамини тобистона
1052


Бонувони азиз! Фасли пурбаракати тобистон имконият фароҳам меорад, ки мову шумо барои аҳли хонаводаамон хӯрданиҳои лазизи рангоранг тайёр карда, азизони диламонро хурсанд гардонем. Имрӯз мо тарзи таёр кардани як хӯриши тобистонаро ба шумо ёд медиҳем, ки ҳам болаззат ва ҳам барои саломатӣ фиданок аст.

Маҳсулоти лозима:
Гӯшти мурғ, 3-4 дона помидор, 1-2 бодиринг, баргҳои салат, пиёзи сабз, ҷаъфарӣ, 2 қошуқ равғани зайтун, намак, мурч.

Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғ ва дигар сабзавотҳоро шӯед. Кабутӣ ва помидору бодирингро реза кунед. Равғанро дар тоба тасфонида, гӯшти мурғро то сурх шуданаш бирён кунед. Баргҳои салатро дар табақ тунук карда, аз болояш сабзавоти резаро баробар тунук намоед. Мурғбирёни сардшударо ба болои сабзавот рехта бо кабутӣ оро диҳед ва ба рӯяш равғани зайтун рехта, истеъмол намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД