arzon replenishment
Хӯриши “Вулкон”
1615


                     Маҳсулоти лозима:
300 грам – гушти мурғ
3 дона – картошкаи обҷӯшида
3 дона – сабзии обҷӯшида
2 дона – тухми обҷӯшида
2 дона – лаблабӯи обҷӯшида
1 дона – анор
Майонез

                         Тарзи таҳия:
Дар аввал ҳамаи маҳсулотҳоро дар об меҷӯшонем. Картошка, сабзӣ. тухм, лаблабӯро аз тарошак мегузаронем. Гушти мурғи обҷӯшидаро чоркунҷа реза мекунем.

Дар зарфи хӯришгирӣ дар байнаш стакон мемонем, дар гирдаш картошкаро мегирем каме намак мепошем ва майонез мекунем. Баъдан гушти мурғро мемонем ва майонез мекунем.

Тухмро мемонем ва майонез мекунем. Сабзиро мемонем ва майонез мекунем. Аз болояш лаблабуро мемонем ва майонез мекунем. Баъдан анорро донаҳояшро ҷудо мекунем ва аз болояш мемонем. Баъдан стаконро аз байнаш мегирем. Хӯриш омода!
Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД