35 years of independency
Хуҷанд: Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии ҷашнӣ
24.09.2026
Oila.tj
170

Шоми 23-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар суханронӣ Президенти кишвар Истиқлолро яке аз муҳимтарин дастовардҳои давлату миллат арзёбӣ карда, аз пешрафтҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ёдовар шуданд.

Гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ё навсозӣ шуда, ба истифода дода шудаанд. Ин рақам аз нақшаи пешбинишуда 3400 иншоот бештар будааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба рушди соҳаҳои саноат, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар вилояти Суғд ишора карданд. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳу нақлиёт, аз ҷумла нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ва таҷдиди роҳҳои Душанбе-Чаноқ ва Айнӣ-Панҷакент аз корҳои муҳими солҳои соҳибистиқлолӣ номида шуданд.

Дар идома Сарвари давлат зарурати ҳифзи Истиқлол, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти кишварро таъкид карда, махсусан аз ҷавонон масъулияти бештар талаб намуданд.

Пас аз суханронии Президент барои иштирокдорон барномаи консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор шуд. Дар он сурудҳо, мусиқӣ ва рақсҳои идона бахшида ба Ватан, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ иҷро гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД